Бино бар хабари Оҷонсии давлатии Русия, ҳодиса рӯзи 29-уми август рух дода, чархболи Ми-8, ки ба Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) тааллуқ дошт, дар наздикии ноҳияи Соснов суқут кардааст.
Телеграм-канали "База" навиштааст, ки се нафар дар чархбол парвози таълимӣ анҷом медоданд. Сабаби садама ҳанӯз маълум нест. Бино ба фарзияи пешакӣ, мушкили техникӣ сабаби садамаи чархбол шудааст.
Нашрияи "Маш" гуфтааст, эҳтимол чархбол ба симҳои хатти баландшиддат бархӯрдааст.