Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алишер Усмонов дар баҳси додгоҳӣ бо нашрияи Австрия пирӯз шудааст


Алишер Усмонов
Алишер Усмонов

Миллиардери узбектабори Русия Алишер Усмонов дар баҳси додгоҳӣ бо нашрияи "Kurier"-и Австрия пирӯз шудааст.

Дар ин бора маҷаллаи "Forbes" бо истинод ба вакили дифои Усмонов хабар додааст. Вакили дифои миллиардер Йоахим Николаус Штайнхофел гуфтааст, ки нашрия дар як матлаби худ Усмоновро "олигархи маҳбуби Путин" ном бурдааст.

"Нашрия Усмоновро "олигархи маҳбуб"-и президенти Русия номидааст. Дар ин замина танҳо як далел, навиштае дар шабакаи иҷтимоии Твиттер вуҷуд дорад. Ин як кори бемаъно ва барои кишвари конститутсионӣ ғайриқобили қабул аст", - изҳор доштааст вакили дифоъ.

Додгоҳи Ҳамбурги Олмон ахиран иддаои "Kurier"-ро, ки Усмоновро "олигархи маҳбуб"-и Путин номидааст, бепоя хонд. Додгоҳ қарор кардааст, ки ин гуна изҳори назар нисбат ба Усмонов ҳуқуқҳои ӯро поймол мекунад.

XS
SM
MD
LG