Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруснагӣ дар Афғонистон. Миллионҳо кас аз кумаки ғизоӣ маҳрум шудаанд


Созмони Милали Муттаҳид аз дастрас нашудани кӯмакҳои башарӣ ба сокинони ниёзманди Афғонистон нигаронӣ кардааст.   

Дафтари ҳамоҳангсозии умури башарии Созмони Милали Муттаҳид (OCHA) дар як баёнияе гуфтааст, ба далели маҳдудиятҳо ва камбуди буҷа, дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 18 миллион нафари ниёзманд дар минтақаҳои Афғонистон, кумаки ғизоӣ дарёфт накардаанд ва қисме ҳам нисфи ин ёриҳоро гирифтаанд.

Ин барномаи СММ бо нашри як гузориши тоза дар бораи “Нақшаи кумакҳои башарӣ дар моҳи январ ва июни соли 2023 дар Афғонистон" рӯзи якшанбе гуфт, дар 6 моҳ 850 миллион долларе, ки аз буҷаи соли 2022 ихтисос шуда буд ва 712 миллион доллар, аз буҷаи имсола барои кӯмак ба ниёзмандон интиқол шудааст.

Дар ҳамин ҳол, яке аз сокинони ниёзманди Кобул, ки нахост, муаррифӣ шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, қаблан чандин бор кумаки башардӯстона дарёфт карда буд, аммо ҳоло ин кӯмакҳо қатъ шудаанд. "Дар 6 моҳ аз яке аз созмонҳои хайрия ба миқдори 4700 пули афғонӣ дарёфт мекардем, ки барои зиндагии мо хеле хуб буд. Мутаассифона, як моҳ мешавад, ки ин кумакҳо қатъ шудааст ва то ҳол дар ин бора ба мо маълумот надодаанд."

Дафтари ҳамоҳангсозии умури башарии Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши худ гуфтааст, мамнӯъияти кори занони афғон дар муассисаҳои хайриявии ғайридавлатӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ ҳифзу расонидани кӯмакҳои башариро мушкилтар кардааст.

Мурсал Алӣ, муассиси Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқи Баробар ва Рушд дар Женева бар ин назар аст, ки мамнӯъияти кори занон мизони фақрро афзоиш дода, раванди тақсимкунии кумакҳо дар Афғонистонро печидатар кардааст. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин кишвар танҳо занон метавонанд, ба занони дигар кӯмак расонанд. “Бо таваҷҷуҳ ба шароити кунунӣ ва таърихи фарҳангиву суннатии Афғонистон мамнӯъияти кори занон, бешак, тақсими кумакҳои башардӯстона дар ин кишварро мушкил мекунад, зеро дар бештари маврид кумак ба занон танҳо тавассути занон имконпазир аст, масалан, агар нерӯи кории занон набошад, ҳатто агар буҷа бошад ҳам, дастрас кардани кӯмаки зарурӣ ба занони ниёзманд имкон надорад”.- афзуд, Мурсал Алӣ.

Даҳ рӯз пеш Дафтари ҳамоҳангсозии умури башарии Созмони Милали Муттаҳид (OCHA) дар баёнияе гуфта буд, ба далели камбуди буҷа, моҳи сентябр шумори афроде, ки кӯмакҳои ғизоӣ дастрас мекарданд, аз 5 то ба 3 миллион нафар кам карда мешаванд.

Тақрибан ду моҳ пеш Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ эълон намуда буд, ки тибқи буҷаи феълии онҳо то моҳи октябри соли ҷорӣ ба панҷ миллион ниёзманд дар Афғонистон кумак расонида мешавад.

Ҳукумати Толибон ҳамеша иддао мекунад, ки вазъи иқтисодӣ дар Афғонистон рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

XS
SM
MD
LG