Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги ду нафар дар садамае дар Восеъ


Садама дар Восеъ. Акс аз КҲФ
Садама дар Восеъ. Акс аз КҲФ

Дар пайи як садама дар ноҳияи Восеи Хатлон, ду нафар ҷон бохта, се кас ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳодиса шаби 25-уми август дар ҳудуди деҳаи Ҳулбуки Восеъ, дар натиҷаи бархурди мошини "Opel Astra”, бо мошини тамғаи «Mercedes Benz Sprinter», рух додааст.

Бар асари ин садама ронандаи 40 сола ва мусофири "Opel Astra” ба ҳалокат расидаанд. 3 нафари дигарро бо ҷарҳоатҳои гуногун ба беморхона интиқол додаанд.

Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар доданд, ки бо ҷалби таҷҳизоти махсус аз дохили мошини пачақшуда ҷасадҳоро берун овардаанд.

Сабаби садамаи маргбор риоя нашудани қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ гуфта шудааст.

Кумита дигарбора бо муроҷиат ба ронандаҳо таъкид кардааст, ки дар роҳҳои қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.

Афзоиши садамаҳои маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон мояи нигаронии сокинону масъулин шудааст. Аз аввали соли ҷорӣ дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон чанд садамаи мудҳиш рух дод ва теъдоде аз сокинон дар онҳо ҷон бохтанд.

Пурқурбонитарин ҳодиса ин садамаи мошини борбар дар Кӯлоб буд, ки дар пайи он беш аз 20 нафар куштаву маҷрӯҳ шуданд.

Садамаҳои маргбор дар роҳҳо мавҷи интиқодҳоро нисбати кори нозирони роҳ бештар кардааст. Дар пайи афзоши чунин ҳодисаҳо, чанд мақомдори Бозрасии давлатии автомобилӣ аз кор барканор шуданд.

XS
SM
MD
LG