Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Толибон дар ду сол беш аз 200 ходими собиқи давлатиро куштаанд


Идораи СММ дар Афғонистон мегӯяд, аз замони сари қудрат баргаштани Толибон дар ин кишвар дастикам 218 собиқ корманди идораҳои ҳукуматӣ ва давлатии Афғонистон ба қатл расидаанд.

Гузориш махсус ҳолатҳои поймолкунии ҳуқуқи собиқ кормандони ҳукуматӣ дар Афғонистонро дар солҳои 2021 - 2023 таҳқиқ кардааст.

Ин гузориш мегӯяд, Толибон бештар кормандони собиқи ҳукумат, ходимони полис ва амниятро ҳадаф қарор додаанд.

Дар маҷмӯъ, ба ҳисобҳои муҳаққиқони СММ, дар ду соли гузашта дар Афғонистон 800 ҳолати кушторҳои ғайриқонунӣ, ҳабсҳову боздоштҳои худсарона, шиканҷаву бадрафторӣ ва нопадидшавиҳои сокинон ба қайд гирифта шудааст.

Гузориши СММ дар дуюмин солгарди ба дасти Толибон гузаштани қудрат дар Афғонистон нашр шуд. 15 августи соли 2021 Толибон дар Афғонистон ба сари қудрат омаданд.

XS
SM
MD
LG