Ба қавли Кипер 9 ҳавопаймои бесарнишини истеҳсоли Эрон хунсо карда шуд, вале дар ин байн муҷтамаи истеҳсол ва нигаҳдошти маҳсулот дар масоҳати 700 метри мураббаъ ба коми оташ рафт.
Вазорати мудофиаи Русия изҳор намуд, ки шаби гузашта Маскав ҳадафи ҳамлаи се ҳавопаймои бидуни сарнишин қарор гирифт. Ба гуфтаи вазорат, низоми мудофиаи зиддиҳавоӣ ду дрон ё паҳподро сарнагун кард ва дрони сеюм зери фишори таҷҳизоти электронӣ самти ҳаракаташро тағйир дода, ба як сохтмоне дар маркази Маскав бархӯрд.
Дар замони ҳамла се фурудгоҳи Маскав - Внуково, Домодедово ва Шереметево парвозҳоро мутаваққиф карда буданд. Русия Украинаро масъули ҳамла номидааст. Украина дар ин бора чизе нагуфтааст. Тӯли чанд ҳафтаи ахир Маскав ба таври муназзам бо ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин мувоҷеҳ мешавад.