Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишномаҳои нави Чину Тоҷикистон. $400 миллион барои давлат ё ширкатҳои худӣ?


Сафари Рустами Эмомалӣ ба Чин. Акс аз Ховар.
Сафари Рустами Эмомалӣ ба Чин. Акс аз Ховар.

Мақомоти Тоҷикистон аз тасмими таъсиси корхонаи истеҳсоли мошинҳои барқӣ ё электромобилҳо хабар додаанд.

Бино ба иттилои мақомоти шаҳри Душанбе ин корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин хоҳад буд, ки дар он солона 1500 мошини барқӣ истеҳсол мешавад. Дар ин бора, дар ҷарраёни сафари Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе ба Чин ва миёни Ширкати "Авесто гурӯҳ" ва ширкати чинии "Ҷинчуен" созиш ба имзо расидааст.

“Авесто гурӯҳ”-ро ширкати афроди наздик ба Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари президент Эмомалӣ Раҳмон, ном мебаранд. Ин гурӯҳ соли 2016 таъсис ёфта, то имрӯз соҳаҳои зиёдеро зери даст дорад. Аз тавлиди оби "Сиёма" гирифта, то бахши мусофирбарӣ ва пардохти ҳаққи роҳкиро ба воситаи кортҳои пластикӣ.

Дар маҷмӯъ ба иттилои Дафтари матбуоти Маҷлиси Миллӣ, дар ҷараёни сафари Рустами Эмомалӣ ва як ҳайати расмии Тоҷикистон ба Чин байни чандин ширкати тиҷоративу истеҳсолии Чину Тоҷикистон ба маблағи 400 миллион доллар созишнома имзо шудааст, аз ҷумла, ширкати чинии "Рунҷаонг ҳолдинг груп" бо корхонаи "Азот"-и Тоҷикистон дар бораи истеҳсоли карбамид ва бо ширкати "Азия кемикал" дар заминаи бунёди корхонаи истеҳсоли карбамид созишнома имзо карданд. Ширкатҳои номбурдаро наздик ба доираҳои ҳукумати Тоҷикистон ва шаҳрдорӣ меноманд.

Бино бар хабарҳои расмӣ, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари президент Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 22-юми август дар Донишгоҳи забонҳо ва фарҳанги Пекин дар маросими ифтитоҳи нимпайкараи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ширкат ва суханронӣ кардааст. Дар ин донишгоҳ 9000 донишҷӯ аз чандин кишвари ҷаҳон таҳсил мекардааст.

Сафари шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ ба Чин аз 20-уми август оғоз ёфта, қарор аст имрӯз 23-юми август поён ёбад. Ҳадафи ин сафар расман тақвияти ҳамкориҳо миёни ду кишвари дӯсти стратегӣ унвон мешавад. Аммо коршиносон мегӯянд, ки яке аз ҳадафҳои асосии ин сафар муаррифии Рустами Эмомалӣ ба унвони вориси эҳтимолии асосии президент Раҳмон мебошад.

Душанбе баъди соли 2000-ум ба Пекин наздик шуд ва даҳҳо ширкатҳои чинӣ вориди Тоҷикистон шуданд. Коршиносони ғарбӣ аз хатари нуфузи Чин, бахусус қарзҳои ҳангуфти он борҳо ба Тоҷикистон ҳушдор додаанд, аммо мақомоти тоҷик инро қабул надоранд.

XS
SM
MD
LG