Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина Роботинаро озод кард, аммо ҳамлаи Русия идома дорад


Низомиёни Украина эълон карданд, ки баъд аз ду моҳи задухурдҳои шадид, тавонистанд, деҳаи стратегӣ дар ҷануби ин кишварро озод кунанд.

Дар айни замон хабар дода шудааст, ки дар пайи мушакборони пайиҳами Русия дар чанд минтақаи Украина, дастикам як нафар кушта, чанд каси дигар захмӣ шудаанд.

Анна Маляр, муовини вазири дифои Украина, рӯзи 22-юми август хабар дод, ки артиши ин кишвар, деҳаи Роботинаро озод карданд. Ин деҳа дар канори шоҳроҳи муҳиме воқеъ аст, ки ба Мелитопол дар вилояти Запорожя мебарад.

Мелитополро, ки чун "дарвозаи Қрим" маъруф аст, моҳи марти соли гузашта, дар пайи як задухурди чандрӯза нерӯҳои Русия ғасб карда буданд.

Шаби гузашта нерӯҳои Русия шаҳри ҷанубии Запорижяро ҳадаф қарор доданд. Рӯзи 22-уми август Анатолий Куртев, дабири Шӯрои намояндагони ин шаҳр гуфт, ҳамлаи Русия зарари молӣ расонидааст. Ба қавли ӯ, чор бино зиён дидааст.

Дар ҳамин ҳол Вазорати мудофиаи Русия субҳи рӯзи сешанбе хабар дод, ки пойгоҳҳои зидди ҳавоии ин кишвар чор ҳавопаймои бесарнишинро дар ҳарими ҳавоии вилоятҳои Маскав ва Брянск хунсо карданд.

Дар суҳбат бо хабарнигори Реӣтерс сокинони як бинои истиқоматии шаҳри Красногорски вилояти Маскав гуфтанд, ки онҳо аз садои таркиш ва шикасту рехти шиша бедор шуданд. Ба қавли онҳо бино ва мошинҳои сокинон аз пораҳои бесарнишин зарар дидаанд. Яке аз сокинон гуфт, ки то ҳол ба худ наомадааст. Ӯ аз бехатарии оилааш нигарон буда, тасмим гирифтааст, барои муддате ба ҷойи амнтар кӯч бандад.

Хабаргузории Тасси Русия иттилоъ дод, ки субҳи 22-уми август фурудгоҳҳои Внуково, Домодедово ва Шереметевои Маскав муддате парвозу нишасти ҳавопаймоҳоро мутаваққиф карданд.

XS
SM
MD
LG