29 кас аз бемористон рухсат ёфта, 20 тани дигар ба табобат фаро гирифта шудаанд. Пизишкон гуфтанд, вазъи онҳо хуб аст.
Абдураҳмон Исмоилов, як пизишк дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки сабзии дохили "ҳот-док" дар шароити хона таҳия шуда, эҳтимол сокинон аз он заҳролуд шудаанд.
Айни замон фаъолияти макони ғизои умумӣ манъ шуда, таҳқиқ идома дорад.