Роҳбари Ҷамъияти байналхалқии дӯстии Украинаву Узбекистон Любомир Башинский 10,5 тона кӯмаки башариеро қабул кард, ки дар Узбекистон ҷамъ оварда шудааст. Дар ин бора сафири Украина дар Узбекистон Николай Дорошенко хабар дод.
Ин кӯмакҳо аз либосҳои зимистонаи мардонаву занона ва кӯдакона иборат аст. Қисме аз ин кӯмакҳо ёриҳои тиббӣ ҳастанд.
Кӯмакҳои башардӯстонаи узбекистониҳо ба вилояти Лвови Украина расидаанд.
Узбекистон моҳҳои апрел ва июни соли 2022 низ ба Украина кӯмаки башарӣ ирсол карда буд.
Пештар аз ин расонаҳо хабар доданд, ки як гуруҳи иборат аз 45 кӯдак барои истироҳату табобат аз Украина ба Узбекистон оварда шудаанд.