Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як кушта ва як захмӣ дар таркиши пойгоҳи низомии Қазоқистон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар натиҷаи хориҷ шудани мушак аз зарбазане, ки дар пойгоҳи низомии Қазоқистон дар Толдиқурғон барои парвоз омода мешуд, як кас ҷон бохта, як тани дигар захмӣ шудааст.

Вазорати дифои Қазоқистон хабарро тасдиқ, вале бо баҳонаи "сирри тафтишот" аз ироаи ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ кард.

Бино ба фарзияи манбаи расонаи "Orda.kz", ҳодиса замоне рух дода, ки масъули нигоҳдории ҳавопаймои ҷангӣ онро барои парвоз омода мекард. Мушак ногаҳон партоб шуда, дар натиҷа корманди 45-солаи пойгоҳ дар маҳалли ҳодиса ҷон бохтааст.

Қарор буд, ҳавопаймо дар чорабинии бахшида ба 25-солагии Нерӯҳои ҳавоии Қазоқистон дар пойгоҳи низомии "Жетиген"-и ин кишвар иштирок кунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG