Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон ба фаъолони қарақалпоқистонӣ паноҳгоҳ надод


Қароқалпоқистон. Моҳи июли соли 2022
Қароқалпоқистон. Моҳи июли соли 2022

Мақомоти Қазоқистон дархости паноҳандагии фаъолони Қарақалпоқистон Қочқорбой Торемуродов ва Жангелдӣ Жаксимбоевро, ки соли гузашта бо дархости Узбекистон дар шаҳри Алмато дастгир шуда буданд, рад кардаанд.

Мақомоти Қазоқистон дархости паноҳандагии фаъолони Қарақалпоқистон Қочқорбой Торемуродов ва Жангелдӣ Жаксимбоевро, ки соли гузашта бо дархости Узбекистон дар шаҳри Алмато дастгир шуда буданд, рад кардаанд.

Узви ҷомеаи қарақалпоқистониҳо дар Қазоқистон Оқилбек Муродбой дар шабакаи иҷтимоии Твиттер хабар дод, ки қарори кумисюни Қазоқистон дар умури шаҳрвандӣ дар ин замина 31-уми июл содир шудааст.

Фаъолони қарақалпоқистонӣ Торемуродов ва Жаксимбоев моҳи сентябри соли гузашта дар Қазоқистон боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд. Узбекистон истирдоди онҳоро дархост кардааст.

Созмони Human Rights Watch аз мақомоти Қазоқистон даъват карда буд, ки намояндагони боздоштшудаи ҷомеаи қарақалпоқистониҳоро ба Узбекистон истирдод накунанд.

Дар Қарақалпоқистон моҳи июли соли 2022 ба далели тағйирот дар Конститутсияи Узбекистон ва бекор кардани мавқеи мустақили ин ҷумҳурӣ эътирозҳои оммавӣ барпо шуд. Тошканд гуфт, "неруҳои хориҷӣ" дахолат кардаанд.

Эътирозҳои Нуқус пахш шуданд. Мақомоти Узбекистон аз 18 кушта, 243 маҷруҳ ва 500 боздоштшуда хабар дода буд. Фаъолон мегӯянд, теъдоди воқеии кушташудаҳо ба маротиб бештар аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG