Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико барои Украина $200 миллиони дигар ҷудо кард


Вазири корҳои хориҷии Амрико Энтони Блинкен рӯзи 14-уми август хабар дод, ки кишвараш барои Украина ба маблағи 200 миллион доллар кумаки нави низомӣ ҷудо кардааст.

Ба бастаи нави ёриҳо гулӯлаҳои низоми дифои ҳавоӣ ва тӯпхона, аслиҳаи зиддитонкӣ ва таҷҳизоти поксозии минаҳо дохил мешаванд.

Пештар хабар дода шуд, ки дар натиҷаи ошкор шудани иштибоҳи муҳосибии Пентагон дар моҳи май барои кумаки нави низомӣ ба Украина маблағ пайдо гашт.

Арзиши аслиҳае, ки ба Украина аллакай интиқол ёфтааст, тасодуфан барзиёд нишон дода шудааст ва дар натиҷа ҳукумати Амрико 6,2 миллиард доллари иловагӣ дарёфт кард ва 200 миллион доллари кунунӣ аз ҳамон пулҳо мебошад.

Иёлоти Муттаҳида бори охир ба маблағи 400 миллион доллар ба Украина кумаки низомӣ ҷудо карда буд. Ин кишвар аз оғози ҳамлаи Русия дар моҳи феврали соли 2022 дар умум ба Украина ба маблағи наздик ба 44 миллиард доллар ёрӣ кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG