Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмонро дар Душанбе баррасӣ кардаанд


Дар мулоқоти президенти Тоҷикистон бо як мақоми олмонӣ ҳамкориҳои иқтисодӣ бо ин кишвари аврупоӣ баррасӣ шудааст.

Дар мулоқоти президенти Тоҷикистон бо як мақоми олмонӣ ҳамкориҳои иқтисодӣ бо ин кишвари аврупоӣ баррасӣ шудааст.

Ба навиштаи вебсайти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14-уми август бо намояндаи Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон Нилс Аннен имкониятҳои ҳамкориро миёни Тоҷикистону Олмон баррасӣ кард.

Президент гуфтааст, Тоҷикистон "соҳаҳои энергетика, илму маориф ва технологияҳо ва масъалаи тағйирёбии иқлимро ҳамчун самтҳои ояндадори ҳамкориҳо" арзёбӣ мекунад. Ҷузъиёти бештар нашр намешавад.

Олмон як кишвари муҳими узви Иттиҳоди Аврупо аст, вале бо вуҷуди даҳҳо созишномаи ҳамкории имзошуда додугирифти миёни ин ду кишвар ночиз аст.

Тоҷикистон умедвор аст, дар сурати имзои созиши GSP+ бо Иттиҳоди Аврупо ба тиҷорати боимтиёз бо Иттиҳоди Аврупо дастрасӣ пайдо мекунад. Як шарти қабули Тоҷикистон ба ин барнома риояи ҳуқуқи инсон аст, ки дар ин замина Душанбе бисёр танқид мешунавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG