Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёдгузор ва соҳиби «Бемористони Ибни Сино» боздошт шудааст 


Абдухалил Холиқзода, рӯзи 7-уми август дастгир шудааст.
Абдухалил Холиқзода, рӯзи 7-уми август дастгир шудааст.

Манбаъҳои Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон боздошт шудани Абдухалил Холиқзода, соҳибкори муваффақ, бунёдгузор ва молики «Бемористони Ибни Сино»-и шаҳри Душанберо тасдиқ кардаанд. Наздикони ӯ ин хабарро тасдиқ ё рад накарданд.

Азбаски мақомоти интизомӣ дар бораи боздошт ва сабаби он расман маълумот надодаанд, барчида шудани китоби нави Абдухалил Холиқзода “Ҳаводиси рӯзгори ман” аз ҳамаи китобфурӯшиҳо ақидаеро ба миён овардааст, ки боздошти ӯ ба ин китоб рабт дорад. Ба қавли мусоҳибони Радиои Озодӣ, Абдухалил Холиқзода рӯзи 7-уми август дастгир шудааст.

Хабари нопадид шудани раҳбари бемористони байнулмилалии Тоҷикистону Эронро бори аввал рӯзноманигор ва сиёсатмадор Додоҷон Атовуллоев дар сафҳаи фейсбукии худ нашр кард.

Вай ҳамчунин ҳанӯз 4-уми июни соли равон навишта буд, ки Абдухалил Холиқзодаро ба фурӯхтани бемористон ба «одамони даркорӣ» маҷбур кардаанд ва ин такрори сарнавишти Зайд Саидов, соҳибкори комёб ва вазири пешини саноат аст. Зайд Саидов ба 29 соли зиндон маҳкум шудааст ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон айбномаи ӯро сохта меноманд.

Се нафар аз наздикони Абдухалил Холиқзода бо шунидани суоли хабарнигорони Радиои Озодӣ гӯширо гузоштанд ва чанде аз ҳамкорони ӯ нахостанд, дар ин мавзуъ суҳбат кунанд. Вале як манбаъи боварбахши наздик ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, Холиқзода аз тарафи кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта боздошт шудааст. Кормандони ин ниҳод ҳамчунин дар се рӯзи гузашта китоби Холиқзода “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро бе шарҳи расмӣ аз дӯконҳои китоб ҷамъоварӣ ва мусодира кардаанд.

Як сокини деҳаи Панҷрӯд ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи чоршанбе кормандони интизомӣ ҳамроҳи раиси ҷамоати Рӯдакӣ аз китобхонаи деҳа ва китобхонаи маҷмаъи Рӯдакӣ ва аз сокинони деҳа 50 китоби Холиқзодаро ҷамъ карда ва гирифта бурданд.

Ин китоби дувуми ёддоштҳои соҳибкор 15 марти соли равон дар толори нашриёти “Шарқи Озод” рӯнамоӣ шуда буд. Дар китобаш муаллиф аз фазои соҳибкорӣ дар кишвар, фасод, паст шудани сатҳи фарҳанг ва таълим изҳори нигаронӣ кардааст.

Вай аз ҷумла навиштааст: “Дар солҳои баъд аз истиқлол арзишҳои роиҷ аз қабили донишмеҳарӣ ва шоистасолорӣ хеле зуд суқут карданд. Ҳар кӣ мансабу сарват ва зӯри бозу дошт, бузург дониста мешуд.”

Ба навиштаи Абдухалил Холиқзода, баъд аз таъмини сулҳ дар Тоҷикистон сармоягузорони зиёде вориди кишвар шуданд, вале фишор умеди ин қишрро кам кард. Муаллиф аз боздошти Маъруф Орифов, бунёдгузор ва молики силсилаи фурӯшгоҳҳои "Орима", мисол оварда, чунин амалҳоро мояи нобоварии соҳибкорон ба риояи қонун ва фазои соҳибкорӣ дар кишвар номидааст.

Як манбаи дигари Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон гуфт, Абдухалил Холиқзодаро бо фишори додситони кул боздошт кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, «гапи китобро то дастгоҳи президент расонидаанд ва Юсуф Раҳмон дар ҷаласае Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилиро “ба пуштибонӣ аз нафаре, ки сиёсати президентро танқид мекунад ва бо мухолифон ҳамкорӣ дорад”, муттаҳам кардааст.

Ба қавли манбаъ, Вазорати корҳои дохилӣ то охирин лаҳза нахостаст, ӯро боздошт кунад, вале боздошт бо дастури додситонӣ амалӣ шудааст. Абдухалил Холиқзода то кунун ба ягон ҷиноят муттаҳам нашудааст ва ва муҳлати боздошти муваққатиашро даҳ рӯз дароз кардаанд.

Пештар баъзе аз бардоштҳои муаллиф аз хислату одоби намояндагони маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон боиси баҳсҳои тунди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гашта буд. Холиқзодаро ба он гунаҳкор мекарданд, ки ба иззати нафси сокинони бархе аз минтақаҳои кишвар расидааст. Як манбаъи наздик ба Додситонии кулли Тоҷикистон ба шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "агар масъала китоб аст, боздоштшуда ба зудӣ раҳо хоҳад гашт, вале агар ҳадаф ба даст овардани бизнеси ӯст, ояндааш номуайян хоҳад буд."

Абдухалил Холиқзода 20 декабри соли 1966 дар рустои Панҷрӯди шаҳри Панҷекати вилояти Суғд ба дунё омада, пас аз хатми факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар Ҳиндустон кор карда, баъдан машғули тиҷорат шудааст.

Дар соли 2008 ҳамроҳ бо сармоягузори эронӣ Бемористони байналмилалии Ибни Синоро таъсис дод ва то боздошташ ба кори он раҳбарӣ мекард. Оиладор ва соҳиби 7 фарзанд аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG