Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаҳои Русия ба Украина ду нафар ҷон додаанд

Маросими дафни як сарбози украинӣ.
Маросими дафни як сарбози украинӣ.

Дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии Русия ба Украина дар рӯзи 12-уми август, ду нафар куштаву 12 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Мақомоти шаҳраки Орехов дар вилояти Запорожйе гуфтанд, дар ин ҷо дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ як маъмури пулис ҷон додааст ва чаҳор нафари дигарашон захм бардоштаанд.

Ба гуфтаи артиши Украина, онҳо се паҳподи қотили сохти Эронро дар вилояти мазкур дар ҳаво нобуд кардаанд. Аз ин пештар дар ноҳияи Купянск дар вилояти Харков ба гуфтаи раиси вилоят Олег Синегубов як зани 73-сола кушта шудааст. Украина рӯзи 10-уми август ба сокинони 37 шаҳрак ва рустоҳои ноҳияи Купянск амр дод, ки ба сабаби шиллики афзояндаи тӯпхонаҳои Русия маҳалли зисташонро ҳатман тарк кунанд.

Аз сӯи дигар вазорати дифои Русия гуфт, 20 паҳподи Украинаро, ки ҳадафашон ҳамла ба Нимҷазираи Қрим буд, нобуд кардааст. Ба гуфтаи вазорат, дар ҳамлаҳои неруҳои украинӣ дар рӯзи 12-уми август касе осеб надидааст ва ҷое ҳам осеб надидааст.

XS
SM
MD
LG