Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои ИДМ: Русия пешсаф, Тоҷикистон даҳум аст


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои II кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки дар Беларус 14-уми август ба анҷом мерасанд, бо касби 10 медал (1 нуқра ва 9 биринҷӣ) дар байни 22 кишвари иштироккунандаи бозиҳо мақоми даҳумро азони худ кардааст.

Варзишгарони тоҷик дар риштаи бокс панҷ медал ба даст оварданд. Ҳангома Исоева миёни духтарон дар вазни то 57 кило, миёни писарон Бузургмеҳр Иксанов (-54 кг), Рустамҷон Ашӯров (-67 кг), Акмалҷон Абдувалиев (-86 кг) ва Руслан Федорин (-92 кг) барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Боз ду муштзани тоҷик – Меҳроҷ Сӯфиҷонов (-48 кг) ва Анӯшервон Фозилов (-51 кг), ки ба финал роҳ ёфтанд ва ҳадди ақал бо медали нуқра мукофотонида мешаванд, ҳамакнун барои нишони тилло мубориза мебаранд.

Лоиқ Қутбиддинов дар риштаи ҷудо дар вазни то 55 кило миёни писарон бо медали нуқра мукофотонида шуд. Мадина Қурбонзода дар сабқати ҷудо миёни духтарон дар вазни то 48 кило бо медали биринҷӣ қадрдонӣ гардид. Дар сабқати куштии озод Мустафо Аҳмадов дар вазни то 70 кило ва Сомонҷон Икромов дар вазни то 79 кило ҷойҳои севумро гирифта, бо медаҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Боз як медали биринҷиро ба мунтахаби Тоҷикистон Асламҷон Азизов дар намуди куштии фарангӣ ё юнонию румӣ байни писарон дар вазни то 60 кило ба даст овард.

Мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозиҳо бо шумули ҳудуди 130 нафар аз рӯи 13 намуд рақобат мекунад. Ба назари коршиносон, варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо дар риштаи самбо низ имкон доранд медал бигиранд.

Сабқати самбо рӯзҳои 12-13-уми август доир мегардад. Тоҷикистонро Акмалиддин Каримов (-58 кг), Сорбон Латифов (-64 кг), Деваштич Ҳабибов (-79 кг), Зафар Олимшоев (-88 кг), Абдуҷаббор Сафаров (-98 кг) ва Бобоҷон Бобоев (+98 кг) намояндагӣ мекунанд.

Дастаи мунтахаби Русия, ки дар ҳашт рӯзи бозиҳо 204 медал (103 тилло, 65 нуқра ва 36 биринҷӣ) гирифтааст, дар ҳисоби медалҳо бо дарназардошти ҳам сифати нишонҳо ва ҳам теъдоди умумии онҳо мақоми аввалро соҳиб шудааст.

Дар ҳамин ҳол мунтахаби Беларус бо касби 161 медал (30+48+83) дар ҷойи дувум ва мунтахаби Ӯзбекистон бо касби 69 медал (15+15+39) дар ҷойи севум мебошанд.

Дастаҳои мунтахаби Озарбойҷон (7+10+21), Қазоқистон (1+10+16), Арманистон (1+1+4), Туркманистон (0+3+10), Ветнам (0+2+1) ва Қирғизистон (0+1+11) дар байни даҳгонаи аввал пеш аз Тоҷикистон қарор доранд.

Ба ин тиртиб, дар ҳашт рӯзи бозиҳо варзишгарони 13 кишвар соҳиби медал шудаанд, аз он ҷумла намояндагони 6 кишвар (Русия, Беларус, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Арманистон) бо медали тилло сарфароз гаштаанд.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо, ки 20 намуди варзишро дарбар мегирад, 2200 варзишгари 9 кишвари ИДМ (Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон), инчунин намояндагони Баҳрайн, Куба, Кувайт, Венесуэла, Ветнам, Малайзия, Миср, Лубнон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Муғулистон, Покистон, Умон ва Эрон иштирок менамоянд.

Мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо ба ғайр аз Минск, дар шаҳрҳои Борисов, Брест, Витебск, Гомел, Гродно, Жлобин, Могилёв, Молодечно, Орша ва Солигорск доир шудааст.

Аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳри Қазони Тотористони Русия бо иштироки 1100 варзишгар аз 9 кишвар - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон - баргузор шуда буд.

Тоҷикистонро 51 варзишгар дар 11 риштаи варзиш намояндагӣ кард. Варзишгарони тоҷик 14 медал – 7 нуқра ва 7 биринҷӣ – гирифтанд.

Дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон, ки таҳти сарпарастии Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд, аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо Русия бо касби 212 медал, аз он ҷумла 111 нишони тилло, ҷойи аввалро соҳиб шуд.

Ӯзбекистон бо касби 90 медал, минҷумла 23 медали тилло, дар ҷойи дувум ва Қазоқистон бо касби 107 медал, аз ҷумла 18 нишони тилло, дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Тоҷикистон баъди Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус ва Қирғизистон мақоми ҳафтумро касб намуда, аз Арманистону Молдова пеш гузашт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG