Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҷузъиёташ ошкор намешавад


Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои аломатгузории марз
Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои аломатгузории марз

Дар Душанбе ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои корӣ оид ба аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар поёни вохӯрии навбатӣ, ки аз 4-ум то 10-уми август бо ширкати ҳайатҳо аз ду кишвар баргузор шуд, протоколи дахлдор имзо шуд. Ҷузъиёти гуфтугӯҳо нашр намешавад, танҳо гуфта шудааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр хати марз дорад, ки аз он 664 километраш муайян шудааст. Номуайян мондани сарҳад ҳар чанд вақт сабаби задухӯрди мусаллаҳона мешавад. Бахусус дар ду соли гузашта шоҳиди муноқишаи хунин ва пурқурбонӣ шуданд. Даъво сари дастрасӣ ба замину чарогоҳҳо, манбаъҳои обу дигар манобеъ боиси сарзадани ихтилофҳо миёни сокинони наздимарзӣ ва ҷалби низомиён аз ҳарду тараф шуд. Бо вуҷуди идомаи равобити кории миёни ду кишвар, муносибатҳои сиёсии байни ду ҳамсояи наздик ҳанӯз пурра барқарор нашудааст, марзи Қирғизистон ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баста боқӣ мемонад ва додугирифтҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар ҳам хеле ночиз шудааст.

XS
SM
MD
LG