Шуруъ аз 1 январи соли 2027 дар Қирғизистон истеҳсол, фурӯш ва ройгон тақсим кардани халтаҳои пластикӣ манъ мешавад. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар ин бора рӯзи 10 август қонунеро имзо кард.
Барои вайрон кардани талаботи ин қонун, аз ҷумла истеҳсоли халтаҳои пластикӣ шахсони воқеӣ наздики 114 доллар ва шахсони ҳуқуқӣ 315 доллар ҷарима хоҳанд шуд.
Барои тақсими ройгони халтаҳои пластикӣ бори аввал огоҳӣ ва дар сурати такрор шудани ин ҳолат ҷарима пешбинӣ шудааст.
Ин қонун бо ҳадафи "коҳиши таъсири манфии маҳсулоти пластикӣ ба саломатӣ ва муҳити атроф" қабул шудааст.