Кормандони зиндон дар вилояти Улянови Русия сари зиндониҳои мусалмонро иҷборан метарошанд, онҳоро таҳқир мекунанд ва иҷозаи ибодат намедиҳанд. Дар ин бора кумитаи "Мусоидати шаҳрвандӣ" бо такя ба нақли панҷ зиндонӣ хабар додааст.
"Дар зиндон вақте азон дода мешавад, онҳо мусиқиро махсус баланд мекунанд, ки ба мо халал расонанд. Онҳо дастхатҳоеро аз дасти мо мегиранд, ки дар онҳо оятҳои Қуръон навишта шудааст. Ҳамчунин адабиёти динӣ, ҷойнамозро мегиранд. Кормандони зиндон беасос моро таҳқир мекунанд, террорист меноманд, қотил меноманд ва ғайра. Дар посух мо на танҳо ҳаққи муроҷиатнома навиштан, балки гуруснашинӣ кардан надорем. Моро ба худкушӣ мерасонанд", - нақл кардааст яке аз зиндониён.
Як вакили мудофеъ, ки бо кумитаи "Мусоидати шаҳрвандӣ" кор мекунад, баъди суҳбат бо зиндониён ба додситонӣ шикоят бурдааст.