Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Мардумии Демократии Корея (U-23) аз ширкат дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «I», ки аз 6-ум то 12-уми сентябри имсол дар шаҳри Душанбе доир хоҳад шуд, даст кашид.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бинобар даст кашидани мунтахаби олимпии Кореяи Шимолӣ аз иштирок дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024, Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ҷадвали бозиҳоро дар гурӯҳи «I» тағйир дод. Ҳамакнун дар ин гурӯҳ се даста – Австралия, Тоҷикистон ва Лаос - рақобат мекунанд.
Бозиҳои интихобӣ аз 6-ум то 12-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе барпо мегарданд.
Мусобиқоти интихобӣ дар Душанбе 6-уми сентябр бо бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби олимпии Лаос ва Австралия оғоз меёбад. Дар даври дувум 9-уми сентябр мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо дастаи Лаос бозӣ хоҳад кард. Дар даври ниҳоии мусобиқот 12-уми сентябр дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Австрали бо ҳам рӯбарӯ мешаванд.
Аз рӯи натиҷагирии мусобиқоти интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин чаҳор дастаи ҷойҳои дувум мувофиқи нишондодҳои беҳтарин ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 (U-23), ки аз 15-уми апрел то 3-юми майи соли оянда дар Қатар доир мегардад, роҳ пайдо мекунанд.
Мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23)
Гурӯҳи «I»
Даври 1-ум
6 сентябр (чоршанбе)
Оғози бозӣ – соати 20:30
Лаос – Австралия
Даври 2-юм
9 сентябр (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 20:30
Тоҷикистон – Лаос
Даври 3-юм
12 сентябр (сешанбе)
Оғози бозӣ – соати 20:30
Австралия – Тоҷикистон