Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдори Маскав гуфт, аз ҳамлаи дронҳо ба пойтахт ҷилавгирӣ кардаанд


Дар ҳамлаи моҳи гузашта чанд утоқ дар "Москва-Сити" хароб шудааст.
Дар ҳамлаи моҳи гузашта чанд утоқ дар "Москва-Сити" хароб шудааст.

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав гуфт, ки соати 11-и рӯзи 6-уми август аз вуруди як ҳавопаймои бесарнишин ба Маскав ҷилавгирӣ кардаанд.

Ӯ дар саҳифаи телеграмии худ навиштааст, ки ин ҳавопаймои бесарнишинро низоми дифоъ аз ҳамлаҳои ҳавоӣ безарар кард.

Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки аз талоши як ҳамлаи “террористӣ” тариқи дрон пешгирӣ кардаанд.

Имрӯз дар фурудгоҳи Внуковои Маскав парвози 11 ҳавопаймои мусофирбарро муваққатан қатъ карданд. Масъулони фурудгоҳ гуфтаанд, ки замони мушоҳидаи ашёи ношинос дар осмон чунин тасмим гирифтанд.

Рӯзи 30-уми июл аз тариқи дрон ба Маскав ҳамла шуда буд. Он рӯз бархе утоқҳо дар бинои баландошёнаи "Москва-Сити" хароб шуд.

Русия ин ҳамлаҳоро кори дасти Украина медонад. Мақомоти Украина на ҳамаи ҳодисаҳоро шарҳ медиҳанд.

Русия моҳост, ки ба пойтахти Украина, шаҳри Киев аз тариқи дронҳо ҳамла мекунад.

Русия моҳи феврали соли гузашта бедалел ба Украина ҳамла кард ва ҳанӯз ҷанг идома дорад. Ҳазорон нафар аз ду тараф дар ин ҷанг кушта ва миллионҳо нафар бесарпаноҳ шуданд. Аксари кишварҳои дунё Русияро барои ин амалаш маҳкум карданд.

XS
SM
MD
LG