Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Решаи заминларзаи Тоҷикистон дар Афғонистон будааст


Дастгоҳи сабти заминларза дар Душанбе
Дастгоҳи сабти заминларза дар Душанбе

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон мегӯяд, заминларзаи субҳи 6-уми август ҳеч ҷоеро хароб накардааст.

Соати 5-и субҳи имрӯз Тоҷикистонро заминларзае такон дод.

Ин кумита аз қавли Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳо гуфтааст, маркази заминларза дар ҳудуди Афғонистон, 290 километр аз Душанбе ва 115 километр аз шаҳри Хоруғ дур будааст.

“Қувваи заминларза дар марказаш 5 балл, дар шахри Хоруғ - 4 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод. Дар натиҷаи заминларза хисороти ҷониву молӣ ба қайд гирифта нашудааст,”—хабар додааст Кумита.

Дар заминларзаи шаби 23-юми марти имсол, ки шиддаташ ба 5-6 дараҷа баробар буд, садҳо хона ва иншооти ёрирасон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва Рашт хароб шуда буд.

XS
SM
MD
LG