Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон ба Тоҷикистон ва Узбекистон шарикии стратегӣ дар соҳаи газро пешниҳод кард


Туркманистон ба ҳамсояҳояш Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориҳои стратегӣ дар бахши газро пешниҳод кардааст. Чунин даъват шоми 4-уми август аз забони вазири корҳои хориҷӣ ва муовини раиси ҳукумати Туркманистон Рашид Мередов дар поёни мулоқоти президентони ин се кишвар дар Ашқобод садо дод. Ӯ, аз ҷумла, гуфтааст, “Туркманистон захираҳои ғании газ дорад. Гуногунии самтҳои содироти газ ва айни замон, риояи мувозинати манфиатҳои истеҳсолкунанда, интиқолдиҳанда ва истеъмолкунандаи энержӣ принсипи бунёдӣ дар иҷрои тарҳҳои байналмилалии мо маҳсуб меёбад. Маҳз ба ҳамин хотир ҷониби Туркманистон пешниҳод кардааст, ки дурнамои шарикии стратегӣ дар соҳаи газро миёни Туркманистон, Узбекистон ва Тоҷикистон баррасӣ намоем”.

Дар ҳамоиши президентони ин се кишвар Эмомалӣ Раҳмон, Шавкат Мирзиёев ва Сардор Бердимуҳаммадов иштирок карданд. Ба навиштаи вебсайти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст гуфтааст, “Тоҷикистон, бо дарназардошти захираҳои бойи гидроэнергетикии худ, ҳадаф гузоштааст, то истеҳсоли “энергияи сабз”-ро рушд диҳад ва омода аст дар ин соҳа бо кишварҳои минтақа минбаъд низ ба таври фаъол ҳамкорӣ намояд”. Ӯ инчунин “ба истифодаи босамари иқтидори се кишвар дар бахши нақлиёт” ва бунёди “долонҳои тиҷоративу транзитии авлавиятнок дар самти Шарқу Ғарб ва Шимолу Ҷануб” таъкид кардааст.

Мулоқоти сегонаи президентони кишварҳои ҳамсоя ва ҳам се ҷумҳурии ҳаммарз бо Афғонистон, ки баъди соли 2021 қудратро дар ин кишвар Толибон зери назар доранд, бори аввал сурат мегирад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG