Сафорати Чин дар Русия марзбонони русро дар рафтори «ваҳшиёна» бо шаҳрвандони кишвараш дар сарҳад бо Қазоқистон гунаҳгор кард. Русия гуфт, ин "ҳолати ягона" мебошад.
Нашрияи South China Morning Post бо такя ба сафорати Чин дар Маскав навишт, ки “мо нишон додем, ки ин ҳодиса ҷиддан ҳуқуқи шаҳрвандони Чинро поймол карда хилоф бо равобити дӯстонаи байни кишварҳои мо мебошад”.
Ҳодиса охири моҳи июл рух дод. Он вақт сафорат гуфт, ки ба панҷ шаҳрванди Чин иҷозаи ворид шудан аз Қазоқистон ба Русия дода нашуд ва визаҳои туристии онҳоро ҳам лағв карданд. Пеш аз ин чор соат онҳоро бозпурсӣ карданд.
Ҳарчанд исми ин туристон нашр намешавад, ки нашрияи South China Morning Post маълум кардааст, ки дар миёни ин нафарон блогери маъруфи чинӣ Тзин Вэнсин буд ва ӯ гуфт, ки рафтор бо онҳо мисли ҷинояткорҳо буд.
Дар вокунишаш ба ин интиқод Русия гуфтааст, ки ин ҳодисаи ягона буд ва Маскав сиёсати табъйизомезе пеш намебарад ва аз сафари шаҳрвандони Чин ба Русия истиқбол мекунад.