Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрон Хонро баъди ҳукми додгоҳ ҳабс карданд


5 август, полиси Покистон дар пушти дари хонаи Имрон Хон дар Лоҳур
5 август, полиси Покистон дар пушти дари хонаи Имрон Хон дар Лоҳур

Полиси Покистон нахуствазири пешин Имрон Хонро дар хонааш дар шаҳри шарқи Лоҳур ба ҳабс гирифт. Дар ин бора вакили дифои ӯ Интизор Ҳусайн Панҷута хабар дод. Ӯ гуфт, ки додгоҳе дар Исломобод рӯзи 5 август Имрон Хонро барои ғайриқонунӣ фурӯхтани тӯҳфаҳои давлатии замони раҳбариаш дар кишвар гунаҳгор донист ва ба се соли ҳабс маҳкум кард. Ҳизби ӯ “Таҳрики инсоф” бо пахши изҳороте гуфт, ки аз Додгоҳи олӣ дархости бозбинии ҳукмро кардаанд.

Имрон Хон соли гузашта бо қарори парлумони Покистон аз қудрат барканор шуд ва эҳтимол дорад ба интихоботи соли ҷорӣ роҳ дода нашавад. Собиқ ситораи крикет Имрон Хони 70-сола бо элитаи низомии ин кишвар дар ихтилоф аст. Алайҳи ӯ эҳтимол дорад иттиҳоми вайрон кардани қонун дар 150 маврид пеш гузошта шавад, вале худи ӯ гуфтааст, ки иттиҳомот дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG