Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши дидбонгоҳҳо дар марз бо Афғонистон. Раиси МТС: сиёсати Тоҷикистон дигар нашудааст


Тоҷикистон дидбонгоҳҳои марзиро дар сарҳад бо Афғонистон зиёд карда, шумораашонро ба беш аз сад адад расондааст. Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президент гуфт, як қисми ин дидбонгоҳҳо бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ бунёд шудаанд.

Мақомдорони Тоҷикистон солҳост аз хатарҳо аз Афғонистон нигаронӣ доранд ва ин нигарониҳо баъди ба қудрат расидани Толибон бештар шуд.

Хайриддин Усмонзода
Хайриддин Усмонзода

Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ рӯзи 4-уми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, таҳдидҳо аз Афғонистон рӯ ба афзоиш аст ва ба ин хотир шумораи дидбонгоҳҳо дар марз зиёд шуда истодаанд. Аз ҷумла, Усмонзода дар бораи амалҳои террористие суҳбат кард, ки аз сӯи ДОИШ дар Афғонистон ва Покистон анҷом шуд.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1300 километр марзи муштарак дорад, ки як қисмати он дар минтақаҳои душворгузар ҷойгир шудааст. Кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла ИМА,барои мустаҳкам кардани марз, ба Тоҷикистон кӯмак мекунанд.

Раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ рӯзи 4-уми август гуфт, Тоҷикистон равобити иқтисодии худро бо Афғонистон идома медиҳад, аммо сиёсаташро дар баробари ҳукумати Толибон тағйир надодааст.

"Мо бо назардошти ҳамсоягие, ки бо ин кишвар дорем, ҳамкориҳои иқтисодиамонро қатъ намекунем. Барои онки ҳамкориҳои иқтисодӣ хусусияти гуманитарӣ дорад ва дастгирии мардуми Афғонистон аз тарафи Тоҷикистон пеш аз ҳама ба тақвияти равобити иқтисодӣ вобаста аст. Тоҷикистон тамоми долонҳои нақлиётиро дар ихтиёри кишварҳои ҳамсоя ва ниҳодҳои байналмилалӣ гузоштааст, ки онҳо метавонанд кӯмакҳои худро ба Афғонистон расонанд. Дар муносибати сиёсӣ, сиёсати Тоҷикистон бо ҳокимияти Толибон тағйирнаёфта ва устувор аст",-афзуд раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ.

Тоҷикистон яке аз мунтақидони сарсахти Толибон аст ва талаб кардааст, ки ин гуруҳ ҳуқуқи намояндагони ҳама қавмҳои Афғонистон, аз ҷумла, тоҷиконро риоя кунанд. Толибон ба Тоҷикистон ҳушдор додаанд, ки ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат накунад.

Дар як соли ахир аз забони мақомдорони Тоҷикистон алайҳи ҳукумати Толибон камтар танқид садо медиҳад. Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ 4-уми август гуфт, Тоҷикистон ҳамоно интизори ташкили "ҳукумати ҳамашумул ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои тамоми табақаҳои аҳолӣ ва гуруҳҳои этникӣ дар Афғонистон" аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG