Илҳом Маҳкамов ровии шинохтаи телевизиони Тоҷикистон субҳи 4-уми август пас аз бемории тӯлонӣ даргузашт. Ба гуфтаи ҳамкоронаш, ӯ солҳои ахир дар пайи беморӣ чанд дафъа ҷарроҳӣ шуда буд. Маросими ҷанозаи Илҳом Маҳкамов имруз соати 11 дар маҳаллаи 82-и пойтахт доир мешавад.
Илҳом Маҳкамов солҳо муҷрии барномаи "Ахбор" бо забони русӣ буд. Ҳамзамон дар соҳаи синамо дар Тоҷикистон ва Русия кор мекард. Ӯ аз ҳамкорони Валерий Аҳадов, коргардони маъруфи синамо буд.
Тӯли чанд сол дар ширкати радио ва телевизиони "Мир" ба унвони продюссер фаъолият дошт.