Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барои қабул ба синфи як пул надиҳед". Даъвати мақомот аз сокинон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо нашри як эълон таъкид кардааст, ки қабули ҳуҷҷати кӯдакони синфи 1-ум ба мактабҳо ройгон буда, талаби маблағ ғайриқонунӣ аст.

Ин ниҳод навиштааст, ки дар ҳолати талаб намудани маблағ аз ҷониби масъулони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, волидони кӯдак аз онҳо расид (квитансия) барои пардохти маблағ талаб намоянд ё ба ниҳоди масъул шикоят баранд.

Масъулини ин ниҳод гуфтанд, эълони мазкур танҳо барои пешгирӣ ва огоҳ намудани волидон нашр шудааст.

Ҳамасола дар мавсими қабули хонандагон ба синфи як шикоятҳо дар мавриди талаби маблағ аз ҷониби масъулини мактабҳои алоҳида расонаӣ мешавад. Имсол низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар фейсбук ин мавзу ҳам баҳс мешавад.

XS
SM
MD
LG