Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Давлати исломӣ" масъулияти таркиш дар Покистонро бар ӯҳда гирифт


Гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) масъулияти таркиш дар вилояти Хайбар-Пахтунхвоҳи Покистонро, ки дастикам 40 кушта бар ҷой гузошт, бар дӯш гирифтааст.

Ҷангҷӯёни ин гурӯҳи террористӣ гуфтаанд, ҳадаф мубориза бо гуруҳи тундрави Толибони Покистон (Таҳрики Толибони Покистон) буд. Қаблан гуфта мешуд, ки эҳтимол ин таркишро "Таҳрики Толибони Покистон" анҷом додааст.

Хабаргузории марбут ба ДИ - "Amaq" шоми душанбе акси маргталаберо нашр кард, ки худро дар миёни одамон тарконид. Намояндаи ДИ гуфтааст, ӯ бо дастури онҳо амал мекард.

Дар ҷараёни гирдиҳамоии як ҳизби мазҳабӣ дар минтақаи Баҷаури Покистон, ки наздик ба марзи Афғонистон аст, 30-юми июл таркиш рух дод. Бар асари он дастикам 40 кас кушта, қариб 200 нафар захмӣ шуд.

XS
SM
MD
LG