Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали тилои паҳлавони ҷавони тоҷик дар Ҷоми Осиё дар Тошканд


Абубакр Шеров.
Абубакр Шеров.

Абубакр Шеров, варзишгари тоҷик, дар Ҷоми бози Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон, ки рӯзҳои 27-30-юми июл дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд, медали тило ба даст овард.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар ин мусобиқот миёни наврасон 86 варзишгар аз 4 кишвар ва миёни ҷавонон 97 варзишгар аз 3 кишвар ширкат варзиданд. Тоҷикистонро миёни наврасон 33 варзишгар ва миёни ҷавонон 49 варзишгар намояндагӣ карданд.

Мусобиқот тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) аз рӯи 16 вазн миёни наврасон (8 вазн – писарон, 8 вазн - духтарон) ва 14 вазн миёни ҷавонон (7 вазн – писарон, 7 вазн - духтарон) сурат гирифт.

Ягона медали тилоро ба Тоҷикистон Абубакр Шеров овард. Ӯдар вазни то 73 кило ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф шуд. Паҳлавони ҷавони тоҷик дар рақобати ниҳоӣ бар варзишгари узбек ғолиб омад.

Варзишгарони дигари тоҷик – Фазлиддин Садриддинзода дар вазни то 66 кило, Илҳомиддин Ҷабборов дар вазни то 66 кило, Аминҷон Абдуҷалилзода дар вазни то 73 кило, Сайфиддин Сайфиддинзода дар вазни то 81 кило, Умедҷон Раҷабов дар вазни то 90 кило ва Ҳабибулло Ашӯров дар вазни то 100 кило – дар сабқати писарон ба гирифтани ҷойҳои севум ва медалҳои биринҷӣ мушарраф шуданд.

Инчунин дар сабқати духтарон Мадина Қурбонзода дар вазни то 48 кило ва Аҳлия Муъминова дар вазни то 52 кило барои мақоми севум бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардиданд.

XS
SM
MD
LG