Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Содироти барқ аз Тоҷикистон дар 6 моҳи ахир кам шудааст


Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба хориҷи кишвар наздики 974 млн кВТ/соат нерӯи барқ содир кардааст. Дар ин бора Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 85 млн кВт/соат кам мебошад. Арзиши барқи содиркардаи Тоҷикистон ба хориҷа 383 млн сомонӣ ҳисоб шудааст.

Харидори асосии барқи Тоҷикистон Афғонистон буда, дар 6 моҳ 685 млн кВт/соат бо арзиши қариб 320 млн сомонӣ дастрас кардаст. Ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба Узбекистон ба 289 млн кВт/соат ба маблағи қариб 63 млн сомонӣ баробар шудааст.

Дар умум дар Тоҷикистон давоми шаш моҳи ахир беш аз 10 млрд кВт соат нерӯи барқ тавлид шуда, дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта беш аз 3 дарсад зиёд мебошад.

XS
SM
MD
LG