Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти алоқа: Интернет арзону босифат шудааст. Сокинон бовар надоранд. ВИДЕО


Сокинон ҳамеша аз суръати пасти интернет шикоят мекунанд.
Сокинон ҳамеша аз суръати пасти интернет шикоят мекунанд.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон иддао дорад, ки дар пайи иҷрои дастури президент Раҳмон нархи интернет дар кишвар 15 дарсад арзон ва суръаташ то се маротиба афзоиш ёфтааст. Коршиносон чунин иддаои масъулони хадамоти мухобиротиро бепоя медонанд.

Дар нишасти хабарии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, рӯзи 28-уми июл Илҳом Атоев, муовини сардори ин ниҳод хабар дод, ки ба хотири иҷрои супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон барои паст кардани арзиши интернет ва боло бурдани суръати он иқдомҳое рӯи даст гирифта шудааст. Ба ин хотир, ҷаноби Атоев хабар дод, ки аз моҳи майи имсол ширкатҳои мухобиротӣ 443 пойгоҳи нави паҳнкунандаи интернетро дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон насб кардаанд. Гузашта аз ин, ҷаноби Атоев иддао кард, ки дар ин муддат нархи истифода аз интернет дар Тоҷикистон понздаҳ дарсад коҳиш ёфтааст.

“То охири сол бо ворид шудани таҷҳизоти нави иловагӣ сатҳу сифати дастрасӣ ба интернет беҳтар мешавад. Дар ҳамкорӣ бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ ширкатҳои мобилии Тоҷикистон бо воситаи таруфабандиҳо нархи интернет 15 фоиз коҳиш ёфтааст,”—гуфт ӯ.

Илҳом Атоев афзуд, ки то охири соли ҷорӣ миқдоре дигаре аз пойгоҳҳои муосири паҳнкунандаи хадамоти интернет ва алоқаи мобилӣ ба кишвар ворид шуда, пешниҳоди хадамоти алоқаи мобилӣ ва интернет боз беҳтар ва нархи он пойин бурда мешавад. Ин мақоми Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳамчунин хабар дод, ки дар ин муддат гузариши куллияи алоқаи кишвар ба шакли 5G-и алоқаи мобилӣ дар назар будааст.

Сулаймон Гадоев, сардори Раёсати назорати Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ба саволи суръати интернет дар кишвар ба чӣ андоза афзоиш ёфтааст, гуфт: “Дар натиҷаи насб кардани таҷҳизоти истгоҳи базавии 4GSG90 беҳтар шудааст. Суръати интернет аз 20 МГц то 50-60 МГц, яъне ду-се маротиба зиёд шудааст. Дар дохили шаҳр ҳам аз тариқи телефонҳо мешавад инро мушоҳида кард.”

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Хадамоти алоқа бори дигар ваъда додааст, ки суръати интернетро беҳбуд мебахшад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

Мушоҳидаҳо ҳокист, ки иддаои масъулини Хадамоти алоқаи Тоҷикистон чандон воқеӣ нест. Бар пояи пурсишҳои сарироҳии Радиои Озодӣ корбарон суръати интернет дар Тоҷикистонро нохуб ва нархашро гарон гуфтанд.

Рустам Гулов, коршиноси масоили технологияҳои навин мегӯяд, ки дар соли ҷорӣ ҳеҷ тағйироте дар дастрасии сокинон ба алоқаи мобилӣ, бавижа интернетро мушоҳида накардааст:

“Ман аз “Мегафон” истифода мекунам ва дар таруфаи ман ҳеҷ тағйироте нест. Ман ба 50 сомонӣ даҳ мегабайт мехарам, ҳамон нарх боқӣ мондааст. Дар хона ба 300 сомонӣ таруфаи “безлимит” мехарам, ҳамон нарх боқӣ мондааст. Суръати интернет ҳам ҳамон аст ва ҳеҷ тезтар шудани суръати интернетро мушоҳида накардаам,”—гуфт Гулов.

Рустам Гулов афзуд, ки дуруст будани иддаои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар бораи афзоиши суръати интернет ва пойин рафтани арзиши онро дар аввали соли оянда созмонҳои байналмиллалие рӯшан мекунанд, ки пайваста аз гаронӣ ва сустии суръати интернет дар Тоҷикистон интиқод мекунанд.

Пурсиши сарироҳии Радиои Озодӣ нишон дод, ки бештаре аз пурсидашудагон аз сифат ва арзиши интернет интиқод мекунанд. Бархе гуфтанд, суръати пасти интернет боиси асабонияту таъхир дар пешбурди кору барномаҳояшон мешавад. Бархеи дигар гуфтанд, ки бастаҳои қиммати интернетро харидорӣ мекунанд, аммо ба ҳангоми муошират ё хондани матлабе интернет қатъ шуда, суҳбат нотамом мемонад. Ҳамчунин гуфта шуд, ки шумораҳои тамоси ширкатҳои фароҳамкунандаи хадамоти интернет ба зангҳои муштариён саривақт ҷавоб намедиҳад ё ҳатто агар шикояте шунаванд, посухҳои якнавохти марбут ба мушкилоти фаннии дастрасӣ ба интернет матраҳ мешавад.

Худи Илҳом Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳам дар нишасти хабарии имрӯз вуҷуди мушкилот дар дастрасии сокинон ба хадамоти интернетро тасдиқ кард ва гуфт, ки ҳоло дар ин муассиса хадамоти шабонарӯзии ситод барои беҳтар кардани сатҳу сифати интернет дар кишвар фаъол карда шудааст. Ба гуфтаи вай, ҳамарӯза даҳҳо сокини кишвар ба шумораи телефони боварии ин ниҳод занг зада, аз мушкилоти дастрасӣ ба хадамоти интернет дар Тоҷикистон шикоят мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG