Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Тоҷикистон бо ҳабси журналистону фаъолон ӯҳдадориҳои байналмилалиро зери по кардааст


Соли гузашта дар Тоҷикистон чанд блогеру журналист ва фаъолони ҷомеаро зиндонӣ карданд.
Соли гузашта дар Тоҷикистон чанд блогеру журналист ва фаъолони ҷомеаро зиндонӣ карданд.

Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи ҳомиёни ҳуқуқ қазияи ҳабси нӯҳ журналист ва ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон дар соли гузаштаро ба шиддат интиқод карда, ҳукми ҳар яки онҳо ва далелҳои ба ҷавобгарӣ кашидани онҳоро зери шубҳа бурдааст.

Муаллифони ин гузориш - Мэри Лолор, гузоришгари вижаи СММ ва тими дигари мутахассисони ҳуқуқи байналмилалӣ будаанд. Тоҷикистон бояд ба ин гузориш посух диҳад.

Ин гузориш бар пояи натиҷагирӣ аз сафари моҳи декабри соли 2022-и Мэри Лолор ба Тоҷикистон дар моҳи май нашр шудааст, вале тоза дастраси умум гардид. Дар ин гузориш бо ҷузъиёти тамом қазияҳои ҳабсу ҳукмҳои додгоҳӣ ва шароити нигаҳдорӣ дар зиндони Далери Имомалӣ, Абдуллоҳи Ғурбатӣ, Завқибеки Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Абдулмаҷид Ризоев, Улфатхоним Мамадшоева, Манучеҳр Холиқназаров, Фаромуз Иргашев ва Хушрӯз Ҷумъаев мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст.

Гурӯҳи журналистон, ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони ҷамъиятӣ соли 2022 ба мӯҳлатҳои аз 7 соли зиндон то ҳукми абад маҳкум шуданд. Тарафдорони онҳову созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон ҳукми онҳоро чун дорои ангезаҳои сиёсӣ рад ва маҳкум кардаанд. “Муҳокимаҳои ношаффоф, пушти дарҳои баста, парвандаҳое, ки мӯҳри махфӣ зада шудаву вакилони аз ҳаққи суҳбат бо матбуот маҳрум, хоси ҳамаи ин парванда будааст,”- гуфта шудааст дар гузориши СММ.

Гузоришгари вижа дар ҳамаи ин парвандаҳо ба ҳолатҳои фаровони поймолшавии ҳуқуқи инсон, қонунҳои Тоҷикистон ва муқаррароти байналмилалӣ, дар бархе ҳолатҳо роҳ ёфтани шиканҷаву бадрафторӣ ва дар аксар ҳолатҳо дучори беморӣ ва бидуни ёрии зарурии тиббӣ мондани маҳкумшудаҳо таъкид мекунад.

Ҳамаи ин парвандаҳоро дар гузориш чун намунаҳои хеле бади саркӯби озодии баён ва хомуш кардани садои мунаққидон дар Тоҷикистон интиқод карда, ба баргузории мурофиаҳои бозу мунсифона даъват намудааст.

Муаллифони гузориш аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардаанд, ки “далели воқеӣ ва заминаҳои ҳуқуқии ҳабс, боздошт, иттиҳом ва ҳукми содиршудаи ҳар яки ин ҳомиёни ҳуқуқро” фароҳам намуда, сабабҳои махфӣ аз ҷомеа будани ҷузъиёти парвандаҳо ва мутобиқати онҳо бо ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистонро шарҳ бидиҳанд. Инчунин суол шудааст, ки оё мақомот дар робита бо нопадидшавии пеш аз эътирофи ҳабси расмии Саидаминӣ, Пирмуҳаммадзода ва Ҷумъаев ва иттиҳоми шиканҷаву бадрафторӣ нисбати Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Улфатхоним Мамадошоева дар боздоштгоҳ таҳқиқи ҷиноиро шурӯъ кардаанд ё на. Гузориш дар бораи вазъи саломатии ҳар яки ин маҳкумшудаҳо як тақозои дигар аз ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Ба иттилои ин гузориш, Мамадшоева ва Холиқназарови маҳкумшуда ба 21 ва 16 соли зиндон аз болои ҳукми худ ба коллегияи Додгоҳи олӣ шикоят кардаанд ва 14-уми марти соли ҷорӣ ҷараёни баррасии муроҷиати онҳо шурӯъ шудааст.

Муаллифони гузориш ба ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар парвандаҳои зикршуда поймол ва ё нодида гирифта шудаанд.

Маълум нест назари ҳукумати Тоҷикистон ба ин гузориш чӣ аст, вале то имрӯз Додгоҳи олӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон пайваста ба дуруст будани иқдомҳои худ дар нисбат ба ин ва дигар маҳкумшудаҳо дар соли 2022 таъкид кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG