Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Русия фиристодани навсарбозонро ба хати ҷанг баррасӣ мекунад


Думаи давлатӣ ё порлумони Русия тасмим дорад, ба навсарбозон иҷоза диҳад, ки баъди як моҳи шуруи хидмати ҳарбӣ бо вазорати мудофиа шартнома банданд ва ба хати ҷанги зидди Украина раванд.

Чунин тағйиротро кумитаи мудофиаи порлумони Русия қабул кардааст.

Бино ба тағйирот, вазорати мудофиаи Русия ҳақ пайдо мекунад, ки дар замони мобилизатсия, ҳолати низомӣ, сар задани низои мусаллаҳона, амалиёти зиддитеррористӣ, инчунин ҳангоми истифодаи артиш дар хориҷ, бо навсарбозон шартнома имзо кунад.

Айни замон навсарбозон танҳо баъди се моҳи шуруи хидмати ҳарбӣ ҳақ доранд, ки бо вазорати мудофиа шартнома банданд.

Рӯзи 25 июли соли ҷорӣ Думаи давлатии Русия якбора чанд тағйиротеро қабул кард, ки хидмат дар артиши он кишварро сахттар мекунанд. Ба вижа вакилон ҷарима барои сарпечӣ аз ҳозир шудан ба мақомоти мудофиа ва синни ниҳоии даъватро аз 27 ба 30 боло бурданд.

XS
SM
MD
LG