Пешбинӣ мешавад, ки имрӯз дар Брюссел нишасти Шӯрои НАТО-Украина доир хоҳад шуд.
НАТО, созмони низомиест, ки аксари кишварҳои ғарбӣ узви он ҳастанд ва аз Украина дар муқобили Русия пуштибонӣ мекунанд.
Феълан нерӯҳои Русия талош доранд, дар самти вилояти шарқии Харкови Украина амалиёти низомӣ роҳандозӣ кунанд. Рӯзҳои ахир Русия ҳамчунон пайваста пойгоҳҳои содироти гандуми Украинаро дар бандарҳои Одесса ва Данюбе оташборон мекунад.
Қарор аст дар нишасти Брюсел дар баробари дигар масъалаҳо инчунин, мавзуи даст кашидани Русия аз содироти гандуми Украина ба хориҷ ба воситаи бандарҳои ин кишвар дар Баҳри Сиёҳ баррасӣ шавад.
НАТО сарбозони украиниро омӯзиш медиҳад ва кишварҳои узви ин созмон ба Украина таҷҳизоти низомӣ медиҳанд.