Мақомоти Украина мегӯянд, неруҳои Русия ҳамлаҳои ҳавоӣ ба ҷануби кишвар аз ҷумла ба иншооти бандарӣ ва анборҳои ғалладонаро рӯзи 20-уми июл ҳам идома доданд. Ба гуфтаи мақомот, дар натиҷаи ин ҳамлаҳо камаш ду нафар кушта шудаанд.
Виталий Ким, раиси вилояти Миколаев гуфт, дар ин вилоят дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ ба як бинои истиқоматии сетабақа, дасти кам 18 нафар аз ҷумла кӯдакон маҷруҳ шудаанд. Олег Кипер, раиси вилояти Одесcа гуфт, ки дар ин вилоят дар натиҷаи зарбаҳои Русия ба анборҳои маводи сӯхт ва ғалладона ду тан ҷон додаанд.
Ба гуфтаи фармондеҳони украинӣ, Русия дар ин рӯз ба Украина бо 19 мушаки болдор ва 19 паҳпод ва ё дронҳои қотил зарба задааст ва неруҳои украинӣ нисфе аз онҳоро маҳв кардаанд. Русия пештар аз ин ҳамлаҳо аз як созиш дар бораи содироти ғалладона аз Украина даст кашид, ки соли гузашта бо миёнҷигарии Созмони Милал ҳосил шуда буд.