Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як блогери дигари узбекистонӣ баъди ҷарроҳӣ фавтид


Блогери узбекистонӣ Asad Algo 19 июл баъди ҷарроҳии мағзи сар фавтидааст. Дар ин бора саҳифаи ӯ дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм, ки ҳудуди 1 миллион обуначӣ дорад, хабар додааст.

Сухангӯи Додситонии кулли Узбекистон Ҳаёт Шамсуддинов бо тасдиқи ин хабар гуфт, дар робита ба ин ҳодиса тафтишот шуруъ шудааст.

Ҳамчунин барои таъйини сабабҳои марги блогер ташхиси судӣ-тиббӣ таъйин гаштааст.

Блогнавис Фарҳод Маннопов ҳам 5 марти имсол баъд аз ҷарроҳии пластикӣ дар Тошканд фавтида буд. Дар натиҷаи санҷиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълум шуд, пизишке, ки ӯро ҷарроҳӣ кард, таҷриба ва дониши кофӣ надоштааст.

Довари асосии Федератсияи шамшербозии Узбекистон Аида Ҳасановаи 39-сола низ 23 майи имсол баъди ҷарроҳӣ дар як клиникаи шахсии косметологӣ ҷон бохт.

XS
SM
MD
LG