Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блогери қирғиз ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод шуд


Улуғбек Қори уулу, блогери қирғизистонӣ.
Улуғбек Қори уулу, блогери қирғизистонӣ.

Блогери боздоштшудаи қирғизистонӣ Улуғбек Қори уулу ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод шудааст.

Улуғбек Қори уулу 14 июл дар шаҳри Ӯши Қирғизистон бо гумони "Авбошӣ" дастгир шуда буд. Ӯро бар асоси шикояти сардухтури таваллудхонаи шаҳр боздошт карданд. Сардухтур гуфтааст, гӯё блогер бидуни иҷозат ба беморхона ворид шуда, бо наворбардории худ ба фаъолияти кормандон монеа эҷод кардааст.

Тибқи иттилои пулис, он рӯз блогер ҳамроҳи ду нафар дари даромадгоҳи эҳтиётии беморхонаро шикаста, ба шуъбаи эҳёгарии он ворид шудаанд. Зарари расондаи онҳо ба беморхона 37 ҳазор сом гуфта шудааст.

Вазорати умури дохилии Қирғизистон дертар хабар дод, ки Улуғбек Қори уулу 10 июл низ ба Вазорати тандурустии ин кишвар бе иҷозат ворид шуда, аз вазир талаб кардааст, ки ба берун барояд.

Саҳифаи блогер дар шабакаи Ютуб беш аз 500 ҳазор обуначӣ дорад. Вай бештар дар бораи фасодкорӣ дар ниҳодҳои давлатӣ ва сифати хидматрасониҳо видео нашр мекунад. Ӯ ахиран дар бораи вазъи таваллудхонаи Ӯш ва ҳолатҳои тамаъҷӯӣ гузоришеро нашр карда буд.

XS
SM
MD
LG