Таҳқиқи зиндагии мардум дар Тоҷикистон нишон додааст, ки оилаҳои пойбанди пули муҳоҷирон 80 дар сади пулеро, ки фарзанд, шавҳар, ё бародару хоҳарашон аз Русия мефиристанд, барои хӯрду хӯрок харҷ мекунанд. Фақат 10 дар сади ин пул барои таҳсил, табобат ва ё иҷора сарф мешудааст, бақияро бошад, барои баргардонидани қарз истифода мебурдаанд ва ё барои рӯзи мабодо нигаҳ медоштаанд.
Таҳқиқи мазкурро Бонки Ҷаҳонӣ анҷом додааст, ки барои маҳви камбизоатӣ ба Тоҷикистон кумаки молӣ мерасонад.
Ба гуфтаи ин муассисаи байналмилалӣ, омори мазкур нишон медиҳад, ки оилаҳое, ки муҳоҷири корӣ доранд, ё камбизоат ҳастанд ва ё дар баробари камбизоатӣ осебпазир мебошанд.
Бар асоси таҳқиқи Бонки Ҷаҳонӣ, 40 дар сади оилаҳои Тоҷикистон гуфтаанд, ки ҳадди ақал як нафар аз узви хонавода дар Русия кор мекунад. Теъдоди муҳоҷирони кории тоҷикро дар Русия бештар аз як миллион нафар медонанд.