Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Қирғизистон хостанд фишор ба расонаҳоро бас кунад


Созмони байналхалқии "Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон" (CPJ) қарори Додгоҳи шаҳрии Бишкекро дар мавриди парвандаи "Азаттик Медиа" "сабукӣ" номид.

Бо ин вуҷуд созмон гуфтааст, ки мақомот "намебоист талоши бастани радиоро мекарданд".

"Мақомоти Қирғизистон бояд ба "Азаттик" иҷозаи фаъолияти озодонаро диҳанд ва фишор ба он ва дигар расонаҳоро қатъ кунанд", - омадааст дар номаи CPJ.

Ҷеффри Гедмин, иҷрокунандаи вазифаи президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ баъди қарори додгоҳи шаҳрии Бишкек дар мавриди бахши қирғизии радио изҳорот нашр кард.

Рӯзи 12 июл додгоҳ созиши сулҳ миёни Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонон аз як тараф ва муассисаи "Азаттик Медиа" - бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз тарафи дигарро тасдиқ кард. Ба ин тартиб, қарори додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек аз 27 апрели соли ҷорӣ дар мавриди қатъи фаъолияти "Азаттик" бекор шуд.

"Бо сипос аз талошҳо ва ҳимояти ҷомеаи ҷаҳонӣ Радиои "Азаттик" расонидани иттилои саҳеҳро ба мухотабонаш идома медиҳад. Ин қароре буд ки интизорашро доштем ва ба маъмурият, усул ва стандартҳои рӯзноманигории Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ мутобиқ аст", - навиштааст Гедмин.

Бар асоси қароре, ки рӯзи 12-уми июл эълон шуд, даъвои додгоҳӣ бас шуда, сомонаҳои бахши қирғизии Радиои Озодӣ дубора дастрас мегарданд.

Баҳси ду тараф ба сари як барномаи видеоӣ дар робита ба низоъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон буд. Ба бовари мақомоти Қирғизистон, дар ин барнома бештар мавқеи Тоҷикистон бозтоб ёфтааст.

Барнома 16-уми сентябри соли 2022 ва дар авҷи даргирии ду ҳамсоя дар телевизиони "Настояшее Время", тарҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, пахш шуд. Ҳукумати Қирғизистон моҳҳо боз аз саҳифа бардоштани ин видеоро талаб мекард, вале роҳбарияти Радиои Озодӣ ин талабро намепазируфт, чун ба меъёрҳо посухгӯ медонист.

Бино ба созише, ки ҳоло ба даст омадааст, ин видео дигар дар сомонаҳои Радиои Озодӣ дастрас нест.

Вакили бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Тимур Султонов, мегӯяд, "ба сабаби тағйирот дар санадҳои умумӣ… матолиб дар сомонаҳои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳамешагӣ намемонанд, аз ин рӯ, видеои баҳсбарангез дигар дастрас нест."

Салкин Сарногоева, сардори як раёсати Вазорати фарҳанги Қирғизистон, гуфтааст, созиши оштиро имзо карданд, "чун видеои мавриди назар аз ҳама пойгоҳҳои "Азаттик Медиа" пок карда шуд."

"Қарори додгоҳ ҳам баромад. Мо ба Вазорати рушди рақамӣ нома мефиристем, то қарори бастани сомонаи "Аззатик Медиа"-ро бекор кунад," -- афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфтааст, бахши қирғизӣ “минбаъд низ ба мухотабонаш маълумоти дуруст хоҳад расонд.”

XS
SM
MD
LG