Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Қарзи кишварҳои ҷаҳон ба таври рекордӣ афзудааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши нави худ эълон кард, ки ҳаҷми қарзҳои кишварҳои ҷаҳон дар соли 2022 ба рекорди 92 триллион доллар расидааст. Сабаби аслии ин афзоиш, қарзи бештар гирифтани кишварҳо барои мубориза бо буҳронҳое монанди КОВИД-19 гуфта шудааст, ки пеш аз ҳама кишварҳои дар ҳоли рушдро таҳти фишор қарор дод.

Гузориши СММ рӯзи 12 июл ва дар остонаи нишасти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои "Гурӯҳи 20" нашр шуд. Дар гузориш омадааст, ҳаҷми қарзҳои дохилӣ ва хориҷии кишварҳои ҷаҳон зиёдтар аз рушди иқтисодӣ аст. Дар ҳоле, ки Маҷмӯи маҳсулоти дохилии миллии ҳама кишварҳои ҷаҳон дар ду даҳсолаи гузашта ҳамагӣ се баробар зиёд шуд, вале қарзашон панҷ баробар афзудааст.

Ҳудуди 30 дарсад аз қарзҳо ба кишварҳои рӯ ба рушд тааллуқ дорад ва 70 дарсад аз ин рақам марбути Чин, Бразил ва Ҳинд аст. Ҳаҷми қарзҳои 59 кишвари дар ҳоли рушд болотар аз 60 дарсади тавлиди нохолиси миллии онҳост ва зарбае сангине ба иқтисоди ин кишварҳо хонда мешавад.

Гузориши СММ хотирнишон мекунад, ки бинобар дастрасии маҳдуд ба манбаъҳои молӣ, беқурбшавии пули миллӣ ва рушди сусти иқтисод, ҳаҷми қарзҳои давлатӣ дар кишварҳои дар ҳоли рушд ба як мушкили ҷиддӣ табдил шудааст. Илова бар ин, бинобар сохтори низоми молии байналмилалӣ, дастрасии ин кишварҳо ба манбаъҳои молӣ "бисёр пурхарҷ" гуфта шудааст.

Бар асоси ин гузориш, ба унвони намуна, маблағе ки беш аз 50 кишвари дар ҳоли рушд барои фоизи қарзҳои хориҷӣ мепардозанд "беш аз 10 дарсади даромад ё кулли будҷаи давлатӣ аст".

Оморҳои ин гузориш ҳамчунин нишон медиҳад, ки дар аксари кишварҳои африқоӣ маблағе, ки барои фоидаи қарзҳои хориҷӣ пардохт мекунанд, беш аз будҷаи маориф ва тандурустӣ аст.

Дар ҳамин ҳол, ҳудуди 3,3 миллиард нафар аз аҳолии ҷаҳон дар кишварҳое зиндагӣ мекунанд, ки хароҷоти давлат барои пардохти баҳраи қарзҳо бештар аз будҷаи соҳаи тандурустӣ ва ё маориф аст. Ба ин хотир гузоришгарони СММ гуфтаанд, ин кишварҳо "байни пешниҳоди хадамоти умумӣ ва ё бозпардохти қарзҳо" бо чолиш рӯбарӯ ҳастанд.

Ҳудуди 62 дарсади қарзҳои хориҷии кишварҳои дар ҳоли рушд мутааллиқ ба қарздиҳандагони хусусӣ, монанди бонкҳои калони байналмилалӣ ва ё соҳибони коғазҳои авроқи қарзӣ аст.

Тоҷикистон ҳам ба гуруҳи кишварҳои рӯ ба рушд дохил мешавад ва солона аз хориҷи миллионҳо доллар қарз мегирад. Танҳо дар соли равон ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, аз хориҷа бештар аз 300 миллион доллар қарз гирад. То охири соли 2022 ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 3,2 миллиард доллар расида буд.

Мақомот зиёд шудани қарзи хориҷро барои кишвар хатарзо намедонад, вале нигарониҳо аз паёмадҳои он пайваста дар ҷомеа садо медиҳад.​Як мояи нигаронии созмонҳои байнулмилалии молӣ ва шарикони Тоҷикистон қарзҳои бебаркаш ва ҳангуфти кишвар аз Чин аст. Коршиносону созмонҳо борҳо ҳушдор доданд, ки Душанбе аз пайомадаш биандешад ва ба "доми қарзҳои Чин" науфтад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG