Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Досйе: поезди махсуси Путин 7 миллиард рубл аст


Гуруҳе аз хабарнигорони таҳқиқгар ошкор кардаанд, ки барои сохтани як қатори махсус барои Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аз буҷаи давлат тақрибан 7 миллиард рубл харҷ шудааст.

Хабарнигори маркази “Досйе” ин иттилоро аз ширкати “Сиркон Сервис” ба даст овардаанд, ки ба нигаҳдории поезд ва ё қатори раиси ҷумҳур машғул аст. Ба гуфтаи хабарнигорон, дар қатори Владимир Путин, як вагони махсус аст, ки тамоми васоил барои варзиш ва ҳаммом дорад.

Дар қатор ҳамчунин утоқи махсуси тиббӣ ва муҷаҳҳаз бо тамоми васоил вуҷуд дорад ва ҳеч садое ҳам дар дохили он шунида намешавад. Ба навиштаи маркази “Досйе” қатори раиси ҷумҳури Русия 22 вагон дорад, вале ҳангоми сафарҳо фақат 10-тои онро истифода мебаранд.

XS
SM
MD
LG