Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи ҳукумати Русия барои гӯш кардани мукотибаҳо дар мессенҷер


Бо дархости ҳукумати Русия дар ин кишвар барномае сохта шудааст, ки метавонад мукотибаҳои корбарон дар Телеграм, WhatsApp ва Signal-ро хонад ва гӯш кунад. Аз ин барнома метавонад идораи амният (ФСБ) ва пулис истифода барад. Дар ин бора рӯзномаи The New York Times хабар додааст. Ин нашрия маълумот дар бораи сохтани барномаи нав барои таъқиби корбарони мессенҷерҳо дар Русияро баъди тафтиши қариб 40 тасдиқ кардааст.

Бахши калони бозори назорат дар бозори алоқаи Русияро ширкати "Цитадель" дар даст дорад, ки то соли 2022 моликаш Алишер Усмонов, миллиардери узбектабори Русия буд. Ин ширкат барномаи NetBeholder-ро қаблан сохта буд, ки макони истифодабаранда, вақти гуфтугӯ ва ворид кардан ё накардани ҳуҷҷатро муайян мекард. Аммо ин барнома ба мукотибаи корбарон дастрасӣ надошт. Акнун ҳукумати Русия мехоҳад бо сохтани барномаи нав, ба мукотибаҳои корбарони Телеграм, WhatsApp ва Signal дастрасӣ дошта бошад.

XS
SM
MD
LG