Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти собиқ милисаи тоҷик, ки дар фурудгоҳи Кишинёв тирпарронӣ кард


Рустам Ашӯров баъди тирпарронӣ дар фурудгоҳ ба ҳуш наомад ва даргузашт
Рустам Ашӯров баъди тирпарронӣ дар фурудгоҳ ба ҳуш наомад ва даргузашт

Рустам Ашӯров, собиқ корманди ВКД-и Тоҷикистон, ки баъд аз куштани ду нафар дар Фурудгоҳи Кишинёв дастгир шуда буд, дар бемористон даргузашт. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Молдова, Ашӯров нимашаби 3 ба 4-уми июл дар як бемористонҳои шаҳри Кишинёв вафот кард. Мақомоти ин кишвар гуфтанд, шаҳрванди Тоҷикистон баъди захмдор шудан дар фурудгоҳ ба ҳуш наомада буд. Ӯ баъди куштани ду маъмури ниҳодҳои қудратии Молдова, даҳ тир хӯрда буд.

Виорел Чернэусяну, сардори пулиси Молдова дар нишасти хабарие гуфт, Рустам Ашӯров дар фурудгоҳ аз гуфтушунид бо пулис саркашӣ кард ва сахт маҷрӯҳ шуд.

Сардори пулиси Молдова ҳамчунин гуфт, “гуруҳи боздошт мудохила кард. Ҳодиса ду дақиқаву 30 сония идома ёфт. Ҳангоми муқовимат, ҳамлавар ба самти ҳамкорони мо тир андохт, чун мехостанд, ӯро дастгир кунанд. Як нафар ҷароҳат бардошт ва он ҳам худи ҳамлавар, ки ду ҳамкори моро кушт.”

Собиқ корманди ВКД-и Тоҷикистон

Мақомоти Молдова имрӯз 3-юми июл зимни як нишасти хабарӣ гуфтанд, Ашӯров дар гузашта маъмури пулиси Тоҷикистон буд. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ба ин хабар вокуниш накардаанд.

Виорел Чернэусяну
Виорел Чернэусяну

Виорел Чернэусяну, сардори пулиси Молдова дар нишасти хабарие гуфт, Рустам Ашӯров ҳафт сол дар ниҳодҳои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон кор карда, барои содир кардани ҷиноят аз мақомаш ронда шудааст. "Ӯ соли 2013 дар Тоҷикистон ҷиноят содир карда, зиндонӣ шуд, вале пеш аз муҳлат ба озодӣ баромад,"-афзуд ӯ.

Молдова ҷузъиёти тирандозии Ашӯровро шарҳ дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00

Намояндагони додситонӣ ва Вазорати умури дохилии Молдова ҳамчунин гуфтанд, ки Рустам Ашӯрови 43-сола, рӯзи 30-юми июн дар Фурудгоҳи Кишинёв ду намояндаи ниҳодҳои қудратии Молдоваро кушт, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ набудааст.

“Ҳангоми вуруд ба қаламрави Ҷумҳурии Молдова, шаҳрванди Тоҷикистон аз тариқи Интерпол ва ё Европол, ё идораҳои дигар ҷустуҷу намешуд. Фақат баъди ҳодиса дар фурудгоҳи байналмилалӣ, мо бо ҳамкоронамон аз Додситонии кулл ба Тоҷикистон занг задем ва ба мо гуфтанд, ки ин фард барои ҷиноят дар Тоҷикистон ҷустуҷу мешавад.”- гуфт, Виорел Чернэусяну, сардори пулиси Молдова.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Рустам Ашӯров, яке аз аъзоёни гуруҳи созмонёфтаи ҷиноӣ аст, ки дар рабудани Шӯҳрат Исматуллоев, муовини раиси "Ориёнбонк"даст дорад.

Бино бар фарзияи мақомоти Тоҷикистон Ашӯров бо ҳадафи фирор ба Аврупо, ба Молдова сафар кардааст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 2-юми июл дар изҳороте гуфт, гурӯҳе аз намояндагони мақомоти кишвар барои маълум кардани ҳама ҷанбаҳои парвандаи шаҳрванди Тоҷикистон ба Кишинёв рафтаанд. Мақомоти Молдова гуфтанд, се муфаттиш аз Тоҷикистон вориди ин кишвар шудаанд.

XS
SM
MD
LG