Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Владимир Каримӣ: театри мо ба устоди рақси балет сахт ниёз дорад. ВИДЕО


Владимир Каримӣ, операсарои тоҷик
Владимир Каримӣ, операсарои тоҷик

Владимир Каримӣ, ҳунарпешаи операсарои тоҷик баъд аз беш аз сӣ соли иқомат дар Аврупо ба ватан баргашта, қасд дорад, дар Театри опера ва балети Тоҷикистон фаъолияташро идома диҳад. Ҷаноби Каримӣ муддате овозхони "Болшой Театр"-и Маскав буд. Замони муҳоҷираташ ба солҳои фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ рост омад ва аз ин рӯ шаҳрвандии Тоҷикистонро надорад ва бо шиносномаи хориҷии Русия ба ватан баргаштааст. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз саргузаштҳояш дар 30 соли ахир қисса кард.

Радиои Озодӣ: Чӣ сабаб шуд, ки ба Тоҷикистон баргардед?

Владимир Каримӣ: Ман дар 70 километрии шимоли Душанбе, дар дараи Варзоб, дар деҳаи кӯчаке, ки дигар вуҷуд надорад таваллуд шудаам. Он солҳо ҷойи таваллуди маро қишлоқи калони Ҷамоати Зиддӣ сабт кардаанд. Падарам барои кор ба ноҳияи Молотовобод, ноҳияи Дӯстии феълӣ дар назди марз бо Афғонистон меравад. Ӯро сардори идораи шиносномадиҳӣ таъйин карда буданд. Модарам дар деҳа маро нигоҳубин мекард, зеро дар пайи барфи зиёд роҳҳо баста буд. Дар шашмоҳагиам падарам омада моро бо худ мебарад ва модарам дар он ноҳия ба унвони танҳо пизишк дар ноҳия фаъолият мекард. Ҳудуди панҷ соли кӯдакиам дар Молотовобод гузашт ва баъдтар ба Регар кӯч бастем. Дар Тоҷикистон чор шаҳре буд, ки дар онҳо асосан рустаборон зиндагӣ мекарданд. Барои ҳамин аз солҳои ба боғчаи кӯдакон рафтанам танҳо бо забони русӣ муошират мекардам. Дар Молотовобод ҳама ба русӣ ҳарф мезаданд, ҳарчанд модарам донандаи хуби забони тоҷикӣ буд. Дар Регар бошад, аслан мактаби тоҷикӣ набуд, танҳо чор мактаб ба забони русӣ ва дар наздикии Пахтаобод ва ду мактаб ба забони узбекӣ амал мекард. Наздиктарин мактаб ба забони тоҷикӣ дар Қаратоғи Шаҳринав буд. Дар Регар дӯстонам, ки зодаи минтақаи Қаротегин буданд, ҳамагӣ дар мактаби русӣ таҳсил мекарданд. Ин амр сабаб шуд, ки ба забони тоҷикӣ ҳарф заданро дар понздаҳсолагиам ёд гирифтам, ки он вақт барои таҳсил ба мактаби коромӯзи (ПТУ) дохил шудам. Ихтисоси аввалини ман устои насби таҷҳизоти газӣ аст. Вақти таҳсил дар ин мактаб аллакай дар гуруҳи эстрадии “РЭММА” овозхонӣ мекардам, ҳоло ин гуруҳ, ки тақрибан панҷ сол фаъолият мекард, аз байн рафтааст. Дар ин гуруҳ асосан навоҳо ва сурудаҳои аврупоӣ иҷро мешуд. Дар ин гуруҳ ман сурудаҳои Муслим Магомаевро тақлидкорӣ мекардам. Маро ҳатто “Магомаеви регарӣ” меномиданд. Дӯстонам машварат доданд, ки садои хуб дорӣ ва бояд ба омӯзишгоҳи мусиқӣ дохил шавӣ. Ҳамин тавр нозукиҳои овозхониро ба таври ҳирфаӣ омӯхтам.

Лаҳзае аз мусоҳибаи Искандари Фирӯз бо Владимир Каримӣ
Лаҳзае аз мусоҳибаи Искандари Фирӯз бо Владимир Каримӣ

Радиои Озодӣ: Баъд аз хатми омӯзишгоҳ шуморо ба ҳайати Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ қабул карданд?

Владимир Каримӣ: То расидан ба театр вақти зиёд дар пеш аст, зеро тибқи талаботи шӯравӣ ҳатто агар маълумоти миёнаи мусиқӣ дошта бошӣ, барои кор дар театр бояд маълумоти олӣ бигирӣ. Бе маълумоти олӣ овозхонӣ дар опера ғайриимкон буд. Бо роҳнамоии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба консерваторияи Маскав дохил шудам. Он солҳо радио ва телевизион зиёд овозхониҳои маро сабт мекарданд ва ҳоло мехоҳам, ҳамаи онҳоро аз бойгониҳо ҷамъ бикунам. Як сабаби асосии бозгаштам ба ватан ҳамин аст. Дигар ин ки, синну солам ҳам ба ҷое расида... Ман дар назди фарҳанг ва санъати тоҷик бисёр қарздорам ва мехоҳам таронаҳои қадимии мардуми тоҷик ва арияҳо аз операҳоро бозхонӣ ва сабт кунам.

Радиои Озодӣ: Дар театри опера ва балет шумо дар чанд намоишнома овозхонӣ кардаед?

Владимир Каримӣ: Он қадар овозхонӣ кардаам, ки гумон аст касе аз рекорди ман бештар овозхонӣ бикунад. Дар панҷ сол ман дар 14 намоишномаи опера овозхонӣ кардаам. Барои муқоиса мегӯям, ки як овозхони машҳури операи мо дар тамоми умри сисолааш дар 9 намоишнома овозхонӣ кардаасту халос. Номи ин шахсро намегӯям.

Мусоҳибаро инҷо тамошо кунед:

Мусоҳиба бо Владимир Каримӣ, операсарои тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:10:29 0:00

Радиои Озодӣ: Чӣ тавр шумо баъд ба "Болшой Театр" ба кор гузаштед?

Владимир Каримӣ: Дар як озмуни умумишӯравии овозхонҳо ширкат кардам ва дар он намояндае аз Тоҷикистон набуд. Дар ин озмун намояндаҳои барҷастаи санъати ҳамаи ҷумҳуриҳо ҷамъ меомаданд, вале ман танҳо ва бе ҳамроҳии намояндаи расмии Тоҷикистон будам. Дар ин озмун ҷои дуввумро гирифтам ва баъд аз анҷоми он Нина Архипова, ситораи "Болшой Театр" занг зада, пешниҳоди ҳамкорӣ кард. Гуфтам, баъд аз як сол ба театри шумо меоям. Вале, дар театри Душанбе ҳолатҳое сар зад, ки феҳрасти намоишномаҳои театрӣ бидуни ширкати овозхонии ман таҳия мекардагӣ шуданд. Ҳарчанд Гулҷаҳон Бобосодиқова ва Ибодат Раҳимова аз ҳунарнамоии ман пуштибонӣ мекарданд, вале кашмакашиҳои дохили театр сабаб шуд, ки тасмими тарки ватан бигирам. Тирамоҳи ҳамон сол нахуст ба Киев рафтам, вале ҷойи кор наёфтам ва сипас ба Минск рафтам, онҳо гуфтанд, ки бояд мунтазир бошам. Омадам Маскав ва маро ба кор қабул карданд.

Радиои Озодӣ: Аз Русия ба Аврупо чӣ тавр роҳ ёфтед?

Владимир Каримӣ: Бештаре аз ҳунармандони "Болшой Театр" ба хориҷа рафтанд ва танҳо онҳое мондаанд, ки бознишаста шудаанд ва онҳоро дар хориҷа касе ба кор қабул намекунад. Ба мо эълон карданд, ки "Болшой Театр" барои бозсозии калон баста мешавад. Устодони ман Атлантов ва Милявская чанд моҳ пеш аз рафтани ман барои кор ба театри Вена рафтанд. Дар ин вақт Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд. Ман бошам соли 1989 аллакай ба хориҷа рафта будам. Нахуст овозхониамро дар театрҳои Испания оғоз кардам.

Радиои Озодӣ: Шумо қабл аз муҳоҷират ба Аврупо дар Русия мезистед, ки ҷузъи Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Кишваре, ки дигар нест. Ҳоло шаҳрванди кадом кишвар ҳастед?

Владимир Каримӣ: Тибқи шиноснома ман шаҳрванди Русия мебошам. Зеро, дар Испания шиносномаи муваққатии ин кишварро доштам ва барои сафарҳоям ба кишварҳои хориҷӣ монеа эҷод мешуд. Боре ҳунарнамоии маро сафири Русия дар Испания тамошо мекард ва аз ӯ хостам, ки бароям шиносномаи русӣ диҳанд, то сафарҳоям бо осонӣ сурат гиранд. Сафир хоҳиши маро иҷро кард.

Радиои Озодӣ: Владимир Одинаевич, солҳои фаъолияти шумо дар Театри опера ва балети ба номи Айнӣ, дар ин театр ситораи балети тоҷик Малика Собирова ва Фаррух Рӯзиматов низ фаъолият доштанд. Шумо бо онҳо ҳамкорӣ мекардед?

Владимир Каримӣ: Бале, вақте Маликаи Собироваи машҳур дар театр ҳунарнамоӣ мекард, мо дӯстӣ доштем. Зуд-зуд меҳмони хонадонашон мешудам ва Малика низ ҳамроҳи шавҳараш Музаффар Бурҳонов меҳмони хонаи ман мешуданд. Фавти Малика бароям зарбаи сангине буд. Дар бораи Фаррух Рӯзиматов метавонам бигӯям, ки вақте хабарҳои шуҳраташ пайдо шуданд, ман дар Испания будам. Матбуот он замон дар бораи вай ба унвони бузургтарин раққоси балети муосир менавиштанд. Хушбахтам, ки дар хориҷи Тоҷикистон якҷо бо Фаррух Рӯзиматов консерти муштарак баргузор карда будам. Фаррух ҳунаре дошт, ки бо як ҷаҳиш метавонист аз болои тамоми саҳнаи ҳунарӣ парвоз дошта бошад. Умедворам, ки Фаррух ба Тоҷикистон сафарҳо мекунад, зеро театри мо ба устоди рақси балет сахт ниёз дорад. Ҳарчанд, синни Фаррух ҳам ба шаст расидааст. Ба ин назарам, ки ман низ дар 72-солагиам ба театр бештар ба унвони мураббӣ метавонам кӯмак кунам.

Ҳолнома: "Владимир Каримов 1950 дар деҳаи Қишлоқи калони ҷамоати Зиддии ноҳияи феълии Варзоб дар хонаводаи як маъмури милиса ва пизишки тоҷик таваллуд шудааст. Соли 1979 консерваторияи шаҳри Москваро хатм кардааст. Солҳои 1977-1981 овозхони операи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ буд. Солҳои 1981-1989 дар театри Болшойи шаҳри Маскав овозхонӣ кардааст. Соли 1989 вай бо унвони Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Аз соли 1989 дар хориҷа, асосан дар Испания зиндагӣ мекард."

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG