Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бо ваъдаи парасторӣ бурданд, вале ғуломи ҷинсӣ карданд" ВИДЕО


Ваъда доданд, ки дар Туркия парастор мешавад, аммо гирифтори ғуломии ҷинсӣ шуд. Як сокини Уши Қирғизистон ба лоиҳаи "Мигрант Медиа" қисса кард, ки чӣ гуна ҳамватанонаш ӯро ба Туркия бурда, ба танфурушӣ маҷбур карданд. Вай дертар тавонист, ки гурехта ба Қирғизистон баргардад, аммо дар кишвараш ҳам аз ҳуқуқи ӯ дифоъ кардан намехоҳанд.

"Мегуфт, маро харидааст"

Дианаи 26-cола мегӯяд, ҳамаи бадбахтӣ дар зодгоҳаш, шаҳри Уши Қирғизистон, оғоз шуд. Шаҳзода ном як шиносаш ба ӯ пешниҳод кард, ки ба Истанбул рафта, зани солхӯрдаеро нигоҳубин кунад ва маоши хуб бигирад.

"Мегуфт, чаро бо ду кӯдак бекор мешинӣ, биё, ба Истанбул меравем, пул кор мекунем, хона мехарем. Гуфтам, маълумот надорам. Шаҳзода шумораи телефони Мавлударо ба ман дод: ӯ се моҳ ба ман занг зада, ба Истанбул даъват кард. Мегуфт, кори муносибе меёбад ва ман пули хуб меёбам," – нақл кард ӯ.

Пеш аз парвоз ба Истанбул, ба Диана ҳар моҳ 8 ҳазор лираи туркӣ маош ваъда карданд. Чанд рӯз пас аз расидан ба Туркия, ӯ фаҳмид, ки касеро парасторӣ намекунад. Ҳуҷҷатҳояшро аз дасташ гирифтанд.

"Мо ба Кумкапӣ, маҳаллае дар Истанбул рафтем. Дар бораи кор чизе намегуфт, ду рӯз ба тамошои шаҳр бурд. Вақте рӯзи сеюм аз хоб хестам, шиносномааро наёфтам. Аз ӯ пурсидам, ки ҳуҷҷатҳоям куҷост ва кӣ онҳоро гирифт? Умеда гуфт, ки ҳуҷҷатҳоям дар дасти ӯст ва маро аз Мавлуда бо пули хуб харидааст," – гуфт Диана.

Ба нақли ҳамсуҳбати мо, ҳамватанаш аз ӯ талаб кардааст, ки бояд кор карда, пулҳои ӯро баргардонад: “Ман дар ҳолати шок будам. Намефаҳмидам, ки чӣ гуна маро харидааст, дар ҳоле ки бояд пиразанеро парасторӣ мекардам. Баъди ин ба ҳуҷра ду ҷавон даромада, ба буғӣ кардан оғоз намуданд. Таҳдид карданд, ки агар пулашонро кор накунам, мекушанд. Гуфтанд, ки мурдаи маро касе намеёбад.”

Видеоро дар инҷо бинед:

Чӣ гуна Диана дар Туркия ба танфурӯш маҷбур шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00

“Халос шуд, вале шавҳараш набахшид”

Баъд аз як ҳафта Диана бо мадади як марди шиносаш тавонист фирор кунад. Ӯ ба пулис муроҷиат намуд. Пас аз чанде кормандони консулгарӣ ёрӣ кардаанд, ки ба ватан баргардад.

"Ман ҳаргиз ӯро чунин надида буд. Ӯ дар оила аз ҳама хурдӣ ва ҳамеша болидарӯҳ буд. Дар ҳолати афсурдагӣ қарор дошт. Вай ҳатто аз ман хоҳиш кард, ки либосҳояшро ба фурудгоҳ биёрам, зеро шарм медошт, ки падару модарам ӯро бо либосҳое бинанд, ки дар тан дошт,” – мегӯяд хоҳараш.

Диана модари ду фарзанд аст. Вақте шавҳараш аз саргузашти ба ғуломии шаҳвонӣ афтиданаш хабар ёфт, гуфт, ки талоқ медиҳад.

"Шавҳарам дар Маскав кор мекунад. Вай дигар ба ман занг намезанад. Аз нигоҳ кардан ба чашми ӯ ва кӯдаконам шарм медорам. Чаро ин ҳодиса ба ман рух дод? Шавҳарам гуфт, ки маро намебахшад, аз ман ҷудо мешавад. Мегӯяд, ки метавонад кӯдаконро аз ман бигирад,” – гуфт ин сокини Уш.

Наздикони Диана барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки ӯро ба ғуломӣ фурӯхтанд, ба пулиси Қирғизистон муроҷиат карданд, аммо мақомот парванда накушоданд.

Нурпарӣ Абдуллоева, котиби матбуоти Шуъбаи корҳои дохилии Уш, гуфт: "Ҳангоми тафтиши пешакӣ ягон далели содир намудани кирдорҳои ҷиноӣ аз ҷониби касе, ки гуё ӯро ба ғуломии шаҳвонӣ фурӯхтааст, ошкор нашуд. Оғози парвандаи ҷиноӣ рад ва мавод барои шиносоӣ ба додситонии ноҳия фиристода шуд.”

Вазъи равонии Диана боис ба нигаронии пайвандонаш аст. Ин зан на танҳо аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки шавҳараш низ ҳимоят нашуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG