Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон: дороиҳои ғайриқонуниро аз хориҷа бармегардонанд


Сенат ё палатаи болоии порлумони Қазоқистон тарҳи қонун дар бораи баргардонии дороиҳои ғайриқонунӣ ба хориҷ бурдашударо қабул кард. Акнун қонун барои имзо ба президенти Қазоқистон ирсол мешавад.

Сенаторҳои Қазоқистон бар ин боваранд, ки тарҳи қонун "барои ошкорсозӣ ва баргардонии чунин дороиҳо асос мегузорад ва усули кори мақомоти давлатиро барои баргардонии дороиҳо ба таври шаффоф ва дақиқ ба роҳ мемонад".

Тарҳи қонун "Дар бораи ба давлат баргардонидани дороиҳои ғайриқонунӣ азхудшуда"-ро рӯзи 14-уми июн Маҷлис, палатаи поёнии порлумон қабул карда буд.

Ҳадафи асосии тарҳи қонун "танзими муносибати мардум оид ба ошкорсозии дороиҳои ғайриқонунӣ соҳибшуда ва баргардонии онҳо ба давлат ва ба ин тартиб барқарорсозии ҳуқуқҳои помолшудаи мардуми Қазоқистон, таъмини волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ, иқтисоди устувор ва рушди иҷтимоии Қазоқистон" гуфта мешавад

Раиси порлумони Қазоқистон Ерлан Кошанов ба суол дар бораи он ки чаро нисбати касоне, ки ихтиёран дороиҳои ғайриқонуниашонро бармегардонанд, ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ нашудааст, гуфт, "айни замон ҳадафи асосӣ баргардонии дороиҳои ғайриқонунӣ аст".

Ба иттилои созмони Tax justice network, дар 25 соли ахир наздики 140-160 млрд. доллар аз Қазоқистон ба офшорҳо интиқол дода шудааст.

XS
SM
MD
LG