Як арзёбии тоза нишон додааст, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам мактабҳои зиёде ба ҳазорон муаллим эҳтиёҷ доранд.
Нашрияи "Ҷумҳурият" минбари расмии ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф навишт, то якуми октябри соли 2022 дар мактабҳои Тоҷикистон бештар аз 3500 омӯзгор намерасидааст, ки ба маънии талаф ёфтани вақти кӯдакон ва дониши кофӣ нагирифтани онҳост.
Бар асоси омори дигар, дар се соли гузашта теъдоди омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ 4117 нафар кам шудааст. Дар ин мақола гуфта шудааст, ки бинобар норасоии омӯзгорон, мактабҳо маҷбур шуданд донишҷӯёну омӯзгорони камтаҷрибаро ба кор гиранд, ки сабаби поин рафтани дониши наврасону навҷавонон шудааст.