Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Афроди мусаллаҳ ва бо мошини сиёҳшиша." Тафсилоти рабуда шудани муовини раиси "Ориёнбонк"


Шуҳрат Исматуллоев ва мошини гумонбарон дар одамрабоӣ
Шуҳрат Исматуллоев ва мошини гумонбарон дар одамрабоӣ

Додситонии кулли Тоҷикистон нисбат ба ҳодисаи нопадид шудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк” бо гумони "одамрабоӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, касоне, ки дар ошкор намудани омилони рабудани муовини аввали раиси "Ориёнбонк" мусоидат мекунанд, 30 ҳазор доллар мукофот хоҳанд гирифт.

ВКД мегӯяд, муовини раиси "Ориёнбонк"-ро бо ин мошин дуздиданд
ВКД мегӯяд, муовини раиси "Ориёнбонк"-ро бо ин мошин дуздиданд

Ба иттилои мақомот, Шуҳрат Исматуллоев соати 8-и шоми 23-уми июн дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз ҷониби афроди номаълум рабуда шудааст.

Дар хабарномаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки рӯзи 26-уми июн дар сайти расмии ин вазорат нашр шуд, ин ҳодиса "одамбрабоӣ аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ношинос", номида шудааст.

ВКД мегӯяд, ки замоне Шуҳрат Исматуллоев аз манзилаш берун мешуд, ӯро чор нафар бо зӯр ба мошини "Ҳундай Соната"-и сиёҳшиша савор карда, аз ҷойи ҳодиса бо хатсайри хиёбони Рӯдакӣ - Майдони сарҳадчиён - маҳаллаи Хуҷамбиёи Боло ҳаракат намуда, ба назди бозори Кӯшониён ба ҳудуди маҳаллаҳои Лучоб, Чағатай гузашта, ғайб задаанд.

Камераҳои назоратӣ гузаштани мошин аз бозори "Кушониён"-ро сабт кардаанд, вале дигар ҳеч ҷое нишоне аз онҳо дида нашудааст. Рақами мошине, ки ин гурӯҳ истифода кардааст, қалбакӣ будааст.

Дар як санаде, ки қаблан дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор гирифт, гуфта мешуд, ки зоҳиран ин гурӯҳ аз чанд рӯз пеш тарҳи рабудани бонкдори тоҷикро доштаанд. Аз ҷумла мошине, ки бо он Исматуллоевро рабудаанд, рӯзи 10-уми июн аз соати 15 то 18 дар атрофи хонаи ӯ мушоҳида шудааст.

Феълан, амалиёт барои пайдо кардани бонкири тоҷик дар навоҳии атрофи пойтахт ҷараён дорад. Шоҳидони айнӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз афзоиши нерӯҳои интизомӣ дар даромадгоҳҳои ғарбӣ ва шимолии пойтахт хабар доданд.

Шуҳрат Исматуллоеви 49-сола, бародари Дилшод Исматуллозода, раиси собиқи ширкати "Тоҷик эйр" аз афроди наздики Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” ва додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон мебошад.

Ӯ солҳо боз муовини аввали раиси “Ориёнбонк” буд ва ба гуфтаи огоҳон, амалан кори ин бонкро ӯ пеш мебурд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG